Ҷомаи бомаслиҳат. Танзи навбатӣ аз Нурулло Абдуллоев

Пас аз ҳимояи бомуваффақияти номзадӣ дар академияи улум, ман дар назди дарвозаи бозори калони шаҳрамон чарчинфурӯшӣ мекунам. Ҳамроҳи писарам. Вай ҳам дар донишкада, ба наздикӣ, ҳимояи дипломӣ дорад. Бинобарин танҳо пас аз нисфирӯзӣ ба ёрии ман меояд.

Дар монологи гузашта ман изҳори ақида карда будам, ки чаро мо донишкадаю диплом дорему лекин заводи мошинбарорӣ надорем. Шахсан ман дар вақташ донишкадаи техникиро бо баҳои аълою дипломи сурх хатм карда будам.

Аз ин рӯ ман ба қарори қатъие омадам, ки аз боқимондаи он мошини таги тирезаи хонаам, ки ҳамагӣ бист сол боз кӯдакон онро ҳангоми «ҷанг»-ҳои дохилиҳавлигиашон ҳамчун танк истифода мебаранд, мошине созаму онро ба кор дарорам ва бо ҳамин восита ба сохтмони аввалин заводи мошинсозии шаҳрамон поя гузорам.
Соҳиби ҳақиқии ин мошин, кайҳо ба Исроил кӯчида рафту аз чӣ сабаб бошад, мошинашро набурд.

Ин тамғаи мошин дар байни мардум аслан бо ду «ном» муаррифӣ карда мешавад. Як намуди одамон онро «ностуфкунак» меноманд. Намуди дигарашон ин мошинро ҳамчун «зиреҳпӯши яҳудӣ» мешиносанд.

Дар асл бошад, ин нусхаи аввали «Запорож» – моли хохол, яъне Украина аст… Буд… (Дар ҳолати мошини таҳи тирезаи ман).
Ҳангоме, ки ман «зиреҳпӯш»-ро аз соҳибони наваш, яъне кӯдакон ва мушону замбурон озод мекардам, ҳамсояам, ки доим аз Хитою Бишкек бор мебиёрад, ба берун баромада аз ман пурсид:
– Ҳа, ту чӣ дар атрофи ин ностуфкунак ҷумбуҷӯл дори?
– Мошин месозам,- гуфтам бо фахр ва қатъияти марди кордон.
– Калонтар соз,- маслиҳат дод ҳамсоя,- бори бисёр ғунҷад, пикап барин.
– Месозам…
Пас аз чанде депутати дар ошёнаи сеюми бинои мо зиндагӣ мекардагӣ баромад. Як ба соаташ нигоҳ карду дарҳол ба шикоят сар кард:
– Мошинам дер кард… Ту дар атрофи он «мурғонча» чӣ меҷӯи, ҳамсоя?
– Мошин месозам…
– Ҳа-а… Васеътар соз. Шишаҳояшро сиёҳ кун. Ҳатман «Бар» дошта бошад. Ҷои пешхизмат, сауна…
– Майлаш. Кӯшиш мекунам…

Ман ба хона даромада қаламу коғаз ва асбоби нақшакашӣ баровардам. Дар берун маро аллакай муллои маҳалла интизор буд.

– Шунидам ки мошин месозӣ… Кори савоб. Қибланамояшро муайян карда мон. Таҳоратхона дошта бошад. Агар илоҷашро ёбӣ дар ягон кунҷаш як масҷидча… Пули гилему ҷойнамозашро ман худам аз мардум меғундорам… Хайр, ман рафтам. Вагарна намозам қазо мешавад.

Ман ба андеша фурӯ рафта кай пайдо шудани ҷавони қадбаланди айнаки сиёҳ пӯшида ва шарики паканаашро нафаҳмида мондам.
– Гӯш кун, брат, мошинатро ман мехарам, – бе салому алек якбора ба савдо даромад ӯ, – короче, дар қафояш ду тӯп, яъне пушка мемонӣ. Тӯпҳо 45мм бошанд мешавад. Аз ин калонтараш ба мошин вазнинӣ мекунад. Дар боло, ду автоматчию як пулемётчӣ бас. Аз ду тараф ду мушаки класси «Замин-ҳаво-замин»-ро ҷойгир мекунӣ. Мушакҳоро ман худам меорам… Ҳоӣ, пакана, – ҷеғ зад ӯ рафиқашро, – ту ҳам барои мошини ояндаамон ягон фармоиш дори?

– Дорам, – гуфт пакана,- бигузор мошинро дуқабата ё беҳтараш сеқабата созад. Байни қабатҳо нимметрӣ бошад. кифоя.Сад, саду панҷоҳ кило бемалол меғунҷад… Мо пас аз ду рӯз пулашро оварда мошини тайёрро мебарем. Рафтем, Шеф…

Ҷавонмарди айнакпӯшу Пакана ҳамон тавре, ки пайдо шуда буданд, ҳамон тавр ғайб заданд.

Милисаи маҳалла омад. Вай дуру дароз мошин ва нақшаро муоина карду оқибат пурсид: – Ту ба воситаи ҳамин мошин пештахтаи чарчинфурӯшиатро васеъ кардани ҳастӣ?
– Не, ман… ман аслан, аз ин мошин як киштӣ сохтани будаму лекин оби даҳ соли охир ба таҳхонаи биноамон рехтаистода камӣ кард. То пур шудани таҳхона сабр кардан лозим…
– Ҳамин ту ҳам вақтҳои охир шӯх шуда истодаи, – паси гарданашро хорида аз паси кори худаш рафт милиса.
-Ҳозир, агар кам-кам шӯхӣ накунӣ, мекафи, – гуфтам ман ҳам аз паси ӯ, паси гарданамро хорида…

Ҳа… «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд»,- мегуфтанд гузаштагонамон. Рост мегуфтаанд. Дар ҳақиқат кӯтоҳ намеояд. Лекин, агар ба маслиҳати ҳамсояҳои ман гӯш андозӣ, он ҷома то ба беохир дарозтар омаданаш мумкин…
Ман тахтаю тиракамро ҷамъ кардаму, ҳамон тавр, паси гарданамро хорида, ба хона даромадам…
Барои одами дипломи сурхдор ва номзади илм ҳамин чарчинфурӯшӣ ҳам хуб корест…
Нурулло Абдуллоев

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.