Кӯмаки аҳди коронавирус ба дасти камбизоатон расид?

Ғанӣ Раҷабовро мисли садҳо сокини ниёзманд дар Тоҷикистон хабари кумакпулӣ  дар аҳди коронавирус хушҳол карда буд. Ин сокини камбизоати ноҳияи Шаҳринав баъди эълони ҳукумат дар тобистон  худро шомили феҳристи кумакгирандаҳо кард.

Ваъдаи мақомот ин буд, ки дар моҳҳои июну июл ба ин гуна хонаводаҳо кумаки молӣ расонида мешавад. Аммо Ғанӣ Раҷабов ҳоло аз посухи масъулин ноумед шудааст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он ки хонаводаи онҳо дар феҳристи оилаҳои камбизот ҳаст, натавонист ин кӯмакпулиро бигирад.

Вай гуфт: «Ману ҳамсарам бо се фарзанд панҷ нафар ҳастем. Ҳамчун оилаи камбизоат дар чор моҳ сад сомонӣ кумакпулӣ мегирем. Вале ин кумаки 500 сомониро гуфтанд, ки медиҳанд, вақте рафтам, онҳо ба ман гуфтанд, кӯдаки хурдии ту соли таваллудаш 2018 аст ва намешавад».  

Бо бадтар шудани вазъи иқтисод ба сабаби пандемияи коронавирус аввали моҳи июн мақомот гуфтанд, дар чаҳорчӯби як тарҳи кӯмаки иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ ба 50 ҳазор оилаи камбизоат ёрии якдафъаина мерасонанд. Ҳаҷми ин маблағ 3 миллион доллар ва маблағи кумак барои ҳар хонавода 500 сомонӣ гуфта мешуд. Ин хабар тавассути паёмакҳо низ ба сокинон фиристода шуд. Ин тарҳ бояд хонаводаҳоеро, ки камбизоат ҳастанд ва кӯдакони зери сесола доранд, фаро мегирифт ва дар қадами аввал он ба 17 ҳазор хонавода дар 40 ноҳияи гуногун дода мешуд.

Ҳоло онҳое, ки мисли ҳамсуҳбати мо то ҳануз ин кумакпулиро нагирифтаанд, кам нестанд. Кумаки якдафъаинаи Бонки Ҷаҳониро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамоҳангӣ бо бахшҳои ин вазорат дар вилоятҳо ва ноҳияҳо ба хонаводаҳои камбизоат тақсим мекунад. Кумакҳо асосан ба шахсоне дода мешавад, ки дар рӯйхати шахсони камбизоати ҷамоатҳо номашон сабт шудааст.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, то имруз алакай 70 дарсади ин хонаводаҳо кумакпулиро дарёфт карданд. Соима Муҳаббатова сардори шӯъбаи таҳлили сиёсати иҷтимоии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аллакай 17 ҳазор хонавода ин кумакро гирифтанд ва танҳо баъзе шаҳру ноҳияҳое, ки тоза ба барномаи кумакпулии молӣ-иҷтимоӣ ворид шуданд, мондаанд, ки онҳо феҳристи оилаҳои камбизоатро пешниҳод мекунанд ва метавонанд, кумаки  Бонки Ҷаҳониро  гиранд».

Соима Муҳаббатова афзуд, феҳристи дуюми кумакгирандаҳо омода мешавад ва кумакро то охири моҳи сентябр медиҳанд. Ин масъули вазорат гуфт, сокинон бояд бидонанд, ки ин кумакпулӣ на ба ҳама хонаводаҳои камбизоат дода мешавад: “Хонаводаҳои камбизоат ҳар сол бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо худро аз нав сабтином мекунанд. Чунки дар як сол метавонад, вазъи зиндагии оилаи онҳо тағийр хурда бошад. Онҳо ҳамчунин ба назар бигиранд, ки оё ҳангоми ба рӯйхати камбизоатон ворид кардани хонаводаи худ кӯдакони то сесолаашон дар рӯйхати аъзои оила ҳаст, ё не”. 

Хонаводаҳое, ки ин маблағро гирифтаанд, мегӯянд, ҳарчанд барои оилаҳои серфарзанду камбизоаташон маблағи зиёд набуд, аммо дар ҳар сурат дар шароити феълӣ як кумаке ба онҳо шуд. Диловар Маҳмадхоҷаев, сокини деҳаи Рузвай дар ноҳияи Дарвоз, гуфт,  бо ин пул барои се фарзандаш сарулибос харидааст.  

Ҳарчанд мисли хонаводаи Диловар камбизоатони зиёде кӯмакро дарёфт ва сарф кардаанд, аммо шикояти гуруҳи дигар шунида мешавад. Саидэҳсон Ҷалолиён, хабарнигори тоҷик, ки  тартиби тақсими кумакпулиро дар як барномаи мустақими радиои “Имрӯз” матраҳ ва бо мардуми зиёд суҳбат кард ба ин хулоса омадааст, ки нобаробарӣ дар тақсими маблағҳо то ҷое сурат гирифтааст.

Вай мегӯяд,  вақте ҳукумат барои кумак маблағ ҷудо мекунад, бояд онро ҷиддӣ назорат кунад. Ин хабарнигор гуфт: “Мақомоти маҳаллӣ аз лиҳози молӣ мушкили кам надоранд, шояд онҳо чунин маблағро на ба хонаводаҳои камбизоат, балки барои бартараф кардани мушкилиҳои дигари ноҳия сарф мекунанд. Онҳое, ки мегӯянд, ин кӯмакро дарёфт накарданд, кам нестанд”.  

Азимҷон Амирбеков, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Дарвоз дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ноҳия ба 92 оила, ки кӯдакони то сесола доранд, кумаки як дафъаинаӣ ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ расонидаанд. Вай гуфт, мақомот дар тақсими кумак эҳтиёт мекунанд: “Рӯйхати оилаҳои камбизоат дубора санҷида мешавад. Хонаводаҳо маблағро аз суратҳисоби худ ва аз бонк дарёфт мекунанд”. 

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро барои тақсими нодуруст, ё хешутаборбозӣ дар ҷараёни ироаи кумакҳои байналмилалӣ танқид кардаанд.​ Аммо вазири молияи Тоҷикистон дар як суҳбаташ гуфт, шаффофияти харҷи маблағҳоро таъмин мекунанд.   Бинобар омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода камбизиоат ҳастанд. Вале бо шуруи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия эҳтимол меравад, шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.