Кӯмаки молии набераи Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдаки бемори ӯзбакистонӣ. Хайр ё худнамоишдиҳӣ?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Набераи калонии Эмомалӣ Раҳмон, Исмоили Муҳаммадзоир чанде пеш ба як оилаи дорои кӯдаки бемор аз Ӯзбакистон кӯмаки молӣ расонидааст.

  • Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Фатҳиддини Замон дар саҳфаи фейсбукиаш хабар додааст. “Соҳибкори ватандӯст ва ҷавони башардӯст Исмоили Муҳамммадзоир ба яке аз кӯдакони бемор, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ахатов Имронбек Авозавич муқими шаҳри Тошканд, ки тӯли ду сол боз ҳолати вазнинро аз сар мегузаронду эҳтиёҷ ба ҷарроҳӣ дошт кӯмаки молӣ намуд”, афзудааст ӯ.
  • Гуфта мешавад, ки ин сокини Тошканд аз кӯмакҳои набераи президент огоҳ шудаву аз ӯ талаби дархости кӯмак намудааст. Вале тавре дар навор дида мешавад, модари кӯдак замони қабули ҳадя номи хайркунандаро бори аввал мешунавад.
  • Номи ин набераи Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи охир дуюмин бор расонаӣ шуд, ки пеш аз ин бо ҳадя кардани хона ба як оилаи камбизоат аз шаҳри Турсунзода дар сархати хабарҳо қарор дошт. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ чун “соҳибкори муваффақ” ва “шахси саховатпеша”  ном бурда мешуд, аммо соҳиби кадом тиҷорат будани ӯ маълум нест.
  • Исмоили Муҳаммадзойир беш аз 20 сол дошта, фарзанди Муҳаммадзойир Соҳибов ва Фирӯза Раҳмон, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар бораи маълумоти Исмоил ва самти соҳибкории ӯ ҳанӯз маълумоте дастрас нест.
  • Аз оилаи Соҳибовҳо ҳамчунин Шамсулло Соҳибов, додари Муҳаммадзойир низ бо духтари Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст. Ин оила дорои чандин ширкатҳо ҳастанд, ки аз имконоти зиёде бархурдоранд.
  • Агар ин иқдоми набераи президент аксарият чун амали хайр сутуда бошанд, иддае онро худнамоишдиҳӣ дониста мегӯянд, ки дар Тоҷикистон афроди муҳтоҷ кам нестанд.

The post Кӯмаки молии набераи Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдаки бемори ӯзбакистонӣ. Хайр ё худнамоишдиҳӣ? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.