Кабирӣ дар ҳамоиши коршиносони амрикоӣ аз интихоботи Тоҷикистон интиқод кард

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо ва раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 16-уми сентябр дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон (Амрико) суханронӣ кард. Вай вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистонро дар аҳди коронавирус вахим арзёбӣ намуд ва аз ҷараёни интихоботи президентии ин кишвар интиқод кард.

Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон яке аз марказҳои бонуфузи таҳқиқотӣ дар робита бо Осиёи Марказӣ аст ва дар ҳамоиши мазкур сиёсатшиносон, мансабдорони давлатӣ, намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар ва донишҷӯён ширкат доштанд.

Пас аз суханронӣ Кабирӣ ба суолҳо дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъ, ояндаи Тоҷикистон, бемории ҳамагир ва равобити Душанбеву Пекин посух дод.

Вақте муҳаққиқ Себастян Пейруз аз ӯ пурсид, ки агар ҳизбаш имкони иштирок дар интихоботи президентии моҳи октябрро медошт, чӣ мекард, гуфт, “агар дар ҳамин шароит дар Тоҷикистон мебудем, интихоботро таҳрим мекардем.”

Раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ далели чунин тасмимро ба набудани имконият барои номзадҳои мустақил ва намояндагони мухолифон дар корзори сиёсӣ рабт дод. Ин дар ҳолест, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор хоҳад шуд ва мақомот мегӯянд,  он бар пояи аслҳои демократӣ ва қонунгузории ин кишвар ҷараён хоҳад дошт.

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон номзадии панҷ нафар, аз ҷумла раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихобот сабтином кардааст. Ҳизби ҳоким ва чаҳор ҳизби дигари сиёсӣ аз ҷараёни интихобот розӣ ҳастанд. Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар дохили кишвар гуфтааст, ки интихоботро таҳрим мекунад. 

Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботи президентии соли 2013 шомили як эътилоф буданд ва ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназароваро ҳамчун номзади худ пешниҳод карданд. Ӯ ба сабаби ҷамъ наовардани имзои зарурӣ ба марҳилаи асосӣ роҳ наёфт.

Муҳиддин Кабирӣ дар суҳбати онлайн дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико гуфт, номзадҳо ва барандаи интихоботи моҳи октябр дар Тоҷикистон аз пеш маълум аст, вале ба қавли ӯ рӯшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа ба худ чанд дарсади овози интихобкунандаҳоро ихтисос хоҳад дод. Вай гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси Белорус мумкин аст ин рақам 70-80 дарсадро дар бар бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то ин дам дар чаҳор интихобот пирӯз эълон шудааст ва ба иттилои Кумисюни марказии интихобот дар ҳар яке аз ин маъракаҳои сиёсӣ аз 60 то беш аз 80 дарсади раъйи сокинонро ба даст овардааст. Дар ин миён танҳо рақибаш дар интихоботи соли 1994 Абдумалик Абдуллоҷонов даъво дорад, ки ӯ баранда шуда буд, вале натиҷаи интихоботро дасткорӣ карданд. Рақибони дигараш пирӯзии ӯро эътироф кардаанд.

Бори дувум аст, ки Муҳиддин Кабирӣ дар Барномаи Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико суханронӣ мекунад. Суҳбати аввали ӯ дар соли 2012 сурат гирифта буд. Имсол ин суханронӣ ба далели бемории коронавируси нав онлайн баргузор шуд.

Кабирӣ аз соли 2015 ба ин тараф дар Аврупо паноҳанда аст. Дар Тоҷикистон ӯро ғоибона ба муддати тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд. Мақомот Кабирӣ ва зердастонашро барои даст доштан дар ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, ки расман аз он кӯшиши табаддулот ном мебаранд, муттаҳам карданд. Худи ӯ борҳо ин иттиҳомро рад намудааст.

Ба иттилои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар давоми ин ҳамоиш, ки ба гунаи зинда дар Интернет пахш мешуд, сокинони Тоҷикистон ба муддати як соат аз дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ маҳрум буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.