Камбуди васоили ташхис монеи табобати COVID-19 дар Қазоқистон шудааст

Вазорати тандурустии Қазоқистон ахиран иттилоъ дод, ки дар ин кишвар 7 тани дигар аз вируси корона фавтидааст. Дар маҷмуъ дар он кишвар 134 ҳолати фавт аз вируси корона сабт шуд. Ахиран шумори касоне, ки талош доранд, бидуни тавсияи табибон аз ташхиси коронавирус гузаранд ва табобат гиранд, афзоиш ёфтааст.

Аз субҳи барвақт пушти дари ташхисгоҳҳои хусусӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон навбатпойии тӯлонӣ дида мешавад. Касоне, ки бо тавсияи табибон инҷо омадаанд, хеле каманд. Аксарият довталабона барои супоридани санҷиши коронавирус омадаанд. Бархеи дигар бидуни натиҷаи ташхиси коронавирус наметавонанд, ба ҳузури пизишк ворид шаванд ва табобат гиранд.

“Ду ҳафтааст, ки таб дорем, моро на пизишкон ва на ёрии таъҷилӣ қабул мекунад. Мегӯянд, аз ташхис гузаред ва танҳо дар он сурат ба шумо табобат мефармоем”, – гуфт яке аз сокиноне, ки пушти дари ташхисгоҳи хусусӣ навбат мепойид.

Ҳангома миёни сокинони Қазоқистон ҳафтаи гузашта сар зад. Дар аксари озмоишгоҳҳо васоили ташхис тамом шуд. Мақомоти вазорати тандурустии он кишвар гуфтанд, ки аз 24 июн нуқтаҳои дигари қабули ташхисҳо ба кор мепардозанд. Аммо ҳамоно васоили нави санҷиш то ба ташхисгоҳҳо нарасидаанд.

Дар дорухонаҳо низ камбуди дору мушоҳида мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.