Кандакори тоҷике, ки асарашро Саддом Ҳусейн харида буд, кист?

Ҳасан Ҷумаев яке аз кандакорони тоҷик аст, ки асарҳои худро дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ ба намоиш мегузорад. Асари “Рустам ва Суҳроб”-и ӯро президенти собиқи Ироқ Саддам Ҳусейн бо арзиши 1000 доллар харидорӣ намудааст, ки усто-Ҳасан ин лаҳзаро то охири умраш фаромӯш намекунад.

Ин кадакори тоҷик шуҳрати санъати миллии худро дар хориҷа баланд бардоштааст. Соли 1989 ӯро ба шаҳри Санъои Яман даъват намуда буданд, то ба ҷавонони яманӣ кандакориро биомӯзад. Ӯ муддати 3-сол дар он ҷо ба хоҳишмандон ҳунари худро омӯзонд ва шогирдони зиёдеро ба воя расонд.

“Ҷавонони яманӣ бисёр шавқу рағбат ба ҳунари кандакориро доштанд. Ман онҳоро мудати се сол тарбият кардам. Ҳоло шогирдони яманиам марказҳои ҳунарӣ ва коргоҳҳои кандакории худро доранд”, – нақл мекунад, усто – Ҳасан.

Саддом Ҳусейн харидори ҳунари кандакорӣ

Усто – Ҳасан доимо кӯшиш мекунад, ки дар ҳама гуна намоишҳо барои кандакорон иштирок кунад. Дар Яман низ дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар намоишгоҳҳо ширкат мекард ва ҳатто як асари ӯ бо номи “Рустам ва Суҳроб”-ро собиқ президенти Ироқ Саддом Ҳусейн  харидааст.

“Замоне, ки дар Яман будам, дар чандин намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаву дипломҳо гардидам. Дар як намоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо иштироки роҳбарону намояндагони расмии як қатор давлатҳо баргузор гардида буд, чанд асарамро ба намоиш гузошта будам. Дар ҳамин ҳолат собиқ президенти Ироқ Саддом Ҳусейн ба назди ман омад, аз байни асарҳоям “Рустам ва Суҳроб”-ро интихоб кард ва бо арзиши 1000 долар харидорӣ намуд”,- ба хотир меорад, Ҳасан Ҷумаев.

Ҳоло усто-Ҳасан дар як ҳуҷраи хонаи истиқоматиаш тамоми асбобу лавозимоти кандакориро ҷой намуда, ҳамарӯза ба офаридани асарҳои нав ба нав машғул аст. Ғайр аз  ин ҳафтае ду маротиба дар Коллеҷи рассомӣ ба донишҷӯёни риштаи кандакорӣ машғулияти амалӣ мегузаронад.

“Маро табиати диёрам эҷодкор кардааст

Ҳасан Ҷумаев соли 1957 дар деҳаи Роғи ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Ӯ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба расмкашӣ ва кандакорӣ рағбат пайдо мекунад. Ҳунари кандакорӣ ба Ҳасан на аз волидонаш мерос намондааст, балки табиати зебои диёраш вайро водор сохтааст, ки эҷодкор шавад.

“Вақте ки хурдсол будам, ҳар рӯз пас аз дарсҳои мактаб ба болои куҳҳои деҳаамон мебаромадаму ба зебогии табиат менигаристам ва дар дилам завқе барои тасвири ин манзараҳои диёрам пайдо мешуд. Ҳамин буд, ки аввалин эҷодиётамро аз табиати диёрам оғоз намудам”- мегӯяд Ҳасан Ҷумаев.

Барои бароварда кардани орзуҳои кӯдакӣ  қаҳрамони мо пас аз хатми мактаб ба омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов дохил шуда, онро бо мувафақият хатм мекунад.

“Ҳеҷ гоҳ аз касби пешакардаам пушаймон нашудаам”

Қаҳрамони мо пас аз хатми коллеҷ фаъолияти меҳнатиашро дар Фонди бадеӣ оғоз мекунад. Аз ҳамон замон ба офаридани асарҳои гуногун шуғл варзида, дар як муддати кутоҳ ба ҳунарманди моҳир табдил меёбад. Ҳанӯз соли 1984 ӯро ба узвияти Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул мекунанд.

Пас аз оиладоршавӣ, кандакорӣ ягона манбаи даромади Ҳасан буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зиндагии Ҳасанро душвор месозад. Зеро дар он солҳо, Тоҷикистонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ба касе имкон даст намедод, ки манзилашро бо нақшу нигор оро диҳад. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилот ва душворӣ  Ҳасан ба касби пешакардаи худ содиқ мемонад ва ба офаридани асарҳое машғул мегардад, ки онҳо инъикосгари вазъияти даврони ҷанг буданд.

“Ман дар муддати фаъолияти 50-солаам боре ҳам аз касби пешакардаи худ пушаймон нашудаам. Ҳамеша кӯшиш мекунам, чизе офарам, ки дорои мазмуну муҳтавои баланд бошад. Солҳое, ки Тоҷикистонро ҷанги хонумонсуз фаро гирифта буд, бисёре аз ҳампешагони ман тарки ин касб намуданд, аммо ман ба ин касб содиқ мондам. Ҳамин буд, ки касбам маро ному нон дод”,-мегӯяд усто-Ҳасан.

Асарҳои кандакори тоҷик дар осорхонаҳои байналмиллалӣ

Аз сабабе иштироки зиёдаш дар озмуну намоишҳои байналмиллалӣ, ҳоло асарҳояш дар осорхонаҳои чандин кишварҳо гузошта шудаанд.

“Ҳоло нусхаи асарҳои офаридаам, дар осорхонаҳои Канада, Яман, Русия Ӯзбекистон, Туркманистон, Фаронса, Туркия ва як қатор кишварҳои дигар маҳфуз аст. Ҳар гоҳе, ки дар намоишҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок менамудам, асарҳои эҷодкардаи маро хориҷиён харидорӣ мекарданд”, – мегӯяд, Ҳасан.

Ӯ дар як қатор биноҳо ва иншоотҳои маданӣ нақши дастони пурэъҷози худро гузоштааст. Аз ҷумла ороиши биноҳои “Барқи тоҷик”, Чойхонаи “Дӯстии халқҳо”, вокзали “Роҳи оҳан”, Қасри ақди никоҳ маҳсули дастони усто-Ҳасан мебошад. Ғайр аз ин вай биноҳои даҳо чойхонаву масоҷид, муассисаву ташкилотҳои шаҳри Душанберо кандакорӣ намудааст.

“Ман 4-сол дар толори “Гулистон”-и Кохи Наврӯз кор кардам. Аксарияти  наққошиҳои ин толор ба эҷодиёти ман тааллуқ дорад, вале мутаасифона номам дар ҳеҷ ҷо нест”, – нақл мекунад усто.

 Харидорони асарҳои ӯ асосан хориҷиёнанд

Ҳоло Ҳасан Ҷумаев дар муасисаи давлатии Колеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М. Олимов ба донишҷӯён аз рӯи ихтисоси “Кандакорӣ”  таълим медиҳад.

“Имрӯз, шумораи ҳунармандони кандакор дар Тоҷикистон хеле каманд. Зеро асари кандакорӣ аз ҳунарманд заҳмату талоши зиёд ва донишу ҷаҳонбинии васеъро талаб мекунад. Ғайр аз ин як асар тақрибан дар як сол эҷод мешавад, вале қиммати он мувофиқ ба заҳмати яксола пардохт намешавад”,- мегӯяд Ҳасан Ҷумаев.

Ба гуфти вай харидорони аслии асарҳои кандакорӣ  асосан хориҷиёнанд, зеро онҳо ҳунари дастии тоҷиконро дида, ҳайратангез мешаванд ва онро харидорӣ карда бо худ ҳамчун армуғон мебаранд.

  Баҳруллои М.

Сообщение Кандакори тоҷике, ки асарашро Саддом Ҳусейн харида буд, кист? появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.