Кароматулло Ҷабборов пеш аз мӯҳлат озод шуд

Дар Русия блогери зодаи Тоҷикистон  Кароматулло Ҷабборов бо қарори додгоҳ пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромад. Моҳи августи соли ҷорӣ додгоҳ Ҷабборовро, ки дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ширкат карда буд, ба ду солу чаҳор моҳи зиндон маҳкум кард. Роман Шахманов, вакили мудофеи ӯ ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, на додситонӣ ва на масъулони метро аз болои қарори додгоҳ шикоят набурданд. Бар илова, бо назардошти муҳлате, ки зерҳимояааш дар боздоштгоҳи муваққатӣ гузаронд, додгоҳ қарор кард, ки ӯ метавонад пеш аз мӯҳлат озод шавад. Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти “пранк” дар вагони метрои Маскав дастгир карданд.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.