КДР аз Раҳмон хост аз саркӯби расонаҳо бипарҳезад

Ню-Юрк, 30 жуани 2020 – Кумитеи Дифоъ аз Рӯзноманигорон имрӯз гуфт, ки Эмомъалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд зери ислоҳоти пешниҳодие, ки озодии баён дар кишварро ба хатар меандозад, имзо нагузорад.
 
Тибқи иттилоъи расонаҳо, ба торихи 26 жуан Маҷлиси Миллӣ ба иттифоқи оро ислоҳотеро дар Қонуни идории ин кишвар тасвиб кард, ки дар он “нашри иттилоъоти козиб дар бораи ҳамагирии вируси куруно дар расонаҳо, интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ ғайриқонунӣ таъриф шудааст. Афроде, ки мутахаллиф шинохта мешаванд, мумкин аст ҷарима ё ба муддати 15 рӯз боздошт шаванд.
 
Бар асоси бархе аз мафодди ин ислоҳия, ки дар расонаҳо мунташир шуда, мушаххас нест, ки давлат чигуна хабар ё иттилоъоти козиб ё ҷаълиро ташхис медиҳад.
Торнамои маҷлиси ъулёи порлумони Тоҷикистон нивишта, ки ислоҳоти пешниҳодӣ ба раиси ҷумҳур ирсол шудааст. Раисҷумҳур метавонад ин ислоҳотро таъйид кунад ва ё барои такмили бештар ба маҷлис баргардонад.
 
Гулнозаи Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитеи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, гуфт: “Ислоҳоти пешниҳодӣ дар Қонуни идории Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо ҳамагирии Кувиди 19 дасти давлатро дар густариши сонсур дароз мекунад. Раисҷумҳур Эмомъалии Раҳмон бояд аз тасвиби ин ислоҳот бипарҳезад ва ба саркӯби матбӯъот ва расонаҳои_иҷтимоъӣ хотима бидиҳад.”
 
Бар асоси гузорише аз Родиюи Озодӣ, афроде, ки дар нақзи ин муқаррарот мутахаллиф шинохта мешаванд, мумкин аст аз 580 то 1160 сомонӣ ($56-112) ҷарима шаванд. Ва афроди ҳуқуқӣ, аз ҷумла расонаҳои хабарӣ, барои ин тахаллуф аз 8,700 то 11,600 сомонӣ ($844-1,124) ҷарима мешаванд.
 
Нуриддин Қаршибоюф, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, як иттиҳодияи синфии маҳаллӣ, аз тариқи дурово (телефун) ба Кумитеи Дифоъ аз Рӯзноманигорон гуфт, ки ин ислоҳот “гоме саркӯбгарона аст, ки озодии дарёфт ва нашри иттилоъотро маҳдуд месозад.”
Вай афзуд, ки баёни мубҳами ин муқаррарот имкон медиҳад, ки мақомот ба саркӯби густардаи матбӯъот дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии кишвар, ки дар поёни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, даст зананд.
 
Ин ислоҳот рӯзи 10 жуан дар Маҷлиси Намояндагон ё маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон тасвиб шуд. Кумитеи Дифоъ аз Рӯзноманигорон барои шарҳи ин мавзӯъ ба дафтарҳои матбӯъотии порлумон ва риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон роёнома (имейл) фиристод, вале ҳеч посухе аз онон дарёфт накард.

Манбаъ: КДР

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.