Кӣ олими олимақомро дар хонаи худаш ба қатл расонид?

ВОРАСӢ
Муҳсин Фахризода – падари «бомбаи исломӣ» дар паи як амалиёти террористӣ кушта шуд. Хадамоти махсуси Исроил ва Амрико варо «мағзи мутафаккир»-и барномаҳои ҳастаии Эрон мешумориданд.
Дирӯз барои ду нафар, ду каргас ид буд. Яке Доналд Трамп – тавқи лаънати Амрико, дигаре – Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ки як манҷакбози касиф ва манҳустарин шахс дар сиёсат аст.
ВОРУНА
Агар як донишманди исроилӣ дар Уршалим – пойтахти Исроил кушта мешуд, дунё меҷӯшид. Агар «из»-и Теҳронро пайдо мекарданд, шояд ҳоло Шероз ё Машҳад бомбаборон шуда буд. Тамоми дунё бар зидди Эрон таҳрим эълон мекард. Дунё зери оби чашми таслиятгӯён ва «ҳамдардикунандагон» мемонд. Ду-се «рӯшанфикр»-и аз «Тӯфони Нӯҳ» ҷон ба саломат бурдаи тоҷик шитобон, ба ҷои ба хотир овардани калимаи шаҳодат, ба ҳар кафшдӯзи яҳудӣ таъзия баён мекарданд.
ВОВАЙЛО
Аврупоиҳо чун ҳамеша бо изҳороту баёнияҳои пуч «хештандорӣ» нишон медиҳанд. Тамоми кишварҳои ба номи мусалмонӣ дар даҳон об гирифтаанд. Эрони танҳо дар мотам нишастааст…
Додоҷони Атовулло 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.