Қироншоҳ Шарифзода 60-сола шуд

Рӯзноманигор. Муҳаққиқ. Омӯзгор. Соҳибкитоб.
Қироншоҳ Шарифзода, аз маъруфтарин чеҳраҳо дар муҳити расонаии Тоҷикистон мебошад.
Дар  се самти фаъолият: ҳуқуқи журналист, одоби журналист ва таърихи журналистика хадамоти арзишмандеро ба анҷом расонидааст. Аз зумраи аввалин афродест, ки таърихи нахустнашрияи тоҷикии “Бухорои Шариф”-ро мавриди пажӯшиҳ қарор додаанд.

Қироншоҳ Шарифзода, 10-уми январи соли 1958 дар деҳаи Порашти ноҳияи Фориши  Ӯзбакистон таваллуд шудааст.

Соли 1974 мактаби миёнаи тоҷикии № 13, ба номи Рӯдакии зодгоҳашро хатм карда, соли 1975 ба Душанбе меояд ва ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1980  бо ихтисоси филолог-журналист хатм мекунад.

Ҳамчунин соли 2008 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ғоибона хатм намудааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ корро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) шуруъ кардааст ва  то соли 1990 ба ҳайси хабарнигор ва мудири шуъба кор кардааст.

Соли 1982 чун тарҷумони ҳайати мушовирони КМ ВЛКСМ ба Афғонистон рафтааст.

Соли 1990 шореҳи нашрияи парлумонии “Садои мардум” будааст ва каме баъдтар ба ҳайси мудири шуъба фаъолияташро дар ин рӯзнома  идома додааст ва то соли 2009 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 1990 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои журналистон дарс мегӯяд.

Соли 2012 Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд. Бо интихоб шудани Шарифзода ба ин симмат таъсири ин Шӯро дар фазои ВАО-и Тоҷикистон назаррас гардид.
Бори нахуст дар Тоҷикистон ӯ нашрияҳоро аз нигоҳи садоқат ба меъёрҳои ахлоқӣ ба гурӯҳҳои солим, носолим ва калаванда ҷудо кард. Ба 3 гурӯҳ ҷудо шудани нашрияҳоро на ҳама расонаҳо хуш пазируфта буданд, ҳамчунон, ки тибқи меъёрҳои ахлоқиии фаъолияти журналистиро низ.

Дар охири соли 2014 муҳлати раҳбариаш дар Шӯрои ВАО ба итмом расид, вале ӯ ҳамоно аз хушноматарин коршиносони расонаии тоҷик асту пуштибони рӯзноманигорони мустақил.

Қироншоҳ Шарифзода бо духтар ва наберааш. Акс аз саҳфаи фейсбукии Фотима Шарифова.

Қироншоҳ Шарифзода соҳиби 5 китоб, дастурҳои илмиву методӣ, бештар аз 500 очерк, мақола, гузориш, мусоҳибаҳои матбуотӣ мебошад.
Китобҳои ӯ: “Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ” (Душанбе: «Шарқи озод», 2001), “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ” (Душанбе: «Ирфон», 2006), “Мушкилоти озодии сухан”  (Душанбе: «Деваштич», 2009), ”Экспертизаи лингвистӣ” (бо ҳаммуаллифии Бринев К, Душанбе: «Интишор», 2011) ва “Озодӣ ва масъулияти сухан” мебошанд.

Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбекӣ ва олмонӣ мебошад.

Оиладор,  соҳиби 5 фарзанд аст.

Дар бораи сифатҳои дигари Қироншо Шарифзода зери ин матлаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бихонед, то аз табори инсонҳои наҷиб, мухбири содиқ ва ватандӯсти ҳақиқӣ будани ӯ бароятон собит гардад.

Акси саҳфаи аввал аз “Озодӣ”

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.