Кишоварзони Суғду Рашт аз таъсири сармоҳои баҳорӣ ба ҳосил нигаронанд

Ҳавои номусоид  ба соҳаи боғдории  Тоҷикистон зарари  худро расондааст. Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд, сард шудани ҳаво ва барфборӣ дар баҳори имсол  боиси сармо задани  наздики 27 ҳазор гектар боғи зардолу дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шуд. Боғпарварӣ як бахши асосии кишоварзӣ дар Суғд ба шумор меравад ва ҳазорҳо  боғи дарахт, аз ҷумла зардолуву ангур дорад. Ҳар сол аз ин минтақаи шимолии кишвар беш аз даҳҳо  ҳазор тонна меваи хушк ба Русия содир мешавад, ки қисми асосии он зардолуи хушк  мебошад. Рӯзи якшанбе барфборӣ дар ноҳия Рашт ҳам мушоҳида шуд. Корбарони Озодивидео бо ирсоли як навор гуфтанд, дар ин сардиҳо аз осеб дидани ҳосили кишоварзӣ нигарон ҳастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.