Киштии дармонда дар канали Суэз аз ҳолати беҳаракатӣ бароварда шуд

Киштии боркаши “Эвер Гивен”, ки аз 23-юми март ба ин сӯ дар обҳои канали Суэз дармонда буд, субҳи рӯзи душанбе дар талоши сеюм аз ҷояш ҷумбонида ба ҳаракат дароварда шуд. Феълан маълум нест, ки ин киштӣ кай аз рӯи обҳои канали Суэз шино карда метавонад. Дар ин бора дар саҳифаи Твиттери ширкати нақлиётии Inchcape Shipping хабар дода шудааст.

 

Ду талоши аз рӯзи якшанбе  барои аз ҷой ҷунбондани киштӣ бо ёрии мавҷи зиёди об бенатиҷа буд. Рӯзи якшанбе ба амалиёти кӯмак ба киштии борбар қаиқҳои иловагии такондиҳанда ҷалб шуданд. Bloomberg мегӯяд, ки ҳаракат додани киштии азим танҳо баъди он имконпазир шуд, ки аз зери нӯги киштӣ 27 ҳазор кубометр хоку гилро тоза карданд.

 

Киштии борбари “Эвер Гивен” 400 метр дарозӣ ва тавони интиқоли 220 ҳазор тонна борро дорад. Он шаш рӯз пеш бо сабаби бодҳои сахту зиёд ва тундбоди омехта бо хок дар қисмати ҷанубии обҳои канали Суэз дармонд. Дар натиҷа, ҳаракат дар ин обҳо қатъ шуду тахминан 300 киштии дигар дар ҳолати масдудшуда монданд. Бархе киштиҳо маҷбур шуданд, ки роҳи ҳаракати худро дигар карда, бо роҳи тӯлонитар – тавассути қораи Африқо пеш раванд.

Канали Суэз яке аз роҳҳои бисёр серкиштии баҳрӣ ба шумор меравад. Дар паи масдуд шудани роҳи киштиҳо аз ҷониби “Эвер Гивен”, ҳамарӯза 9 миллиард доллар зиёни молӣ ворид шуда, нархи нафт дар бозор 5 % афзудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.