Китоби нави президенти Туркманистонро ба “буҷавиҳо” иҷборан мефурӯшанд

Кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Лебапи Туркманистонро маҷбур мекунанд, ки китоби нави президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов — “Усули давлатдории туркманҳо”-ро бихаранд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин китобро танҳо аз чанд фурӯшгоҳи маркази Лебап дастрас кардан мумкин аст. Он ҳоло ба фурӯшгоҳҳои ноҳиявӣ нарасидааст.

Телевизионҳои давлатии Туркманистон 4 сентябр дар бораи чопи китоби нави президент Бердимуҳаммадов хабар доданд. Хонаҳои фарҳанги ноҳияҳои Лебап низ вазифадор шудаанд, ки китобро харидорӣ кунанд.

“Ҳафтаи равон кормандони Хонаи фарҳанги ҷамоати “Ҷендӣ”-и ноҳияи Фороби Лебап китоби нави президентро мекофтанд”, – изҳор дошт хабарнигор.

Арзиши расмии ин китоб ҳанӯз муайян нашудааст. Вале як корманди муассисаи давлатие дар Лебап гуфт, ки онро 60 манат (ҳудуди 17 доллар бо қурби расмӣ) харидааст.

Дар давоми 11 соли президентии Бердимуҳаммадов аз номи ӯ 60 китоб дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла идораи давлат, муносибатҳои байналмилалӣ, гиёҳу растаниҳои шифобахш, аспу сагпарварӣ нашр шудааст.

Китобҳои президенти Туркманистонро дар мактабҳо меомӯзанд, дар расонаҳо иқтибос ва дар пасманзари шуюи коронавирус дар асоси онҳо дарсҳои ҳифзи саломатӣ гузаронида мешаванд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.