«Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол»: ҳамоиши илмӣ ба муносибати Рӯзи китоб

ДУШАНБЕ, 04.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Китобу Истиқлол – ду боли як иқбол» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ баргузор шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҳамоиш иттилоъ медиҳад, дар он муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова иброз намуд, ки «миллати мо аз азал китобдору китобдӯст буд. Бо нобиғаҳою чеҳраҳои бузурги адабиёту фарҳангаш машҳур гардида, бо мероси гаронбаҳои онҳо оламро тасхир кардааст. Масалан, дар замони давлати Сомониён  китобхона бузурге бо номи «Сивон-ул ҳикмат» фаъолият мекард, ки китобҳои зиёди нодир дошт ва шахсиятҳои зиёде аз он баҳравар гардидаанд. Яке аз  нишонаҳои китобдӯстӣ ва  фарҳангу анъанаи волои китобдории миллати мо ин  аст, ки  ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил дар саросари мамлакат Рӯзи китоб бо шукӯҳи хосса таҷлил мешавад».

Зикр гардид, ки Рӯзи китоб 4 сентябри соли 2007 бо гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти муҳтарами мамлакат эълон гардида буд ва инак 13 сол мешавад, ки таҷлили бошукӯҳи он ба маҳфилҳои фарҳангии мамлакат ҳусну таровати маънавӣ мебахшад.

Ба андешаи муовини якуми директори Китобхонаи миллӣ, дар  зарфи 29 сол дар фазои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва ташаббусҳои Сарвари хирадманди давлат дастоварду пешравиҳои хуби фарҳангӣ, аз ҷумла барои рушди китобдорӣ ва китобхониву маънавиёти мардум, бахусус наврасону ҷавонон фароҳам оварда шуд. Китобхонаи миллӣ беҳтарин дастоварди замони истиқлол аст, ки имрӯз ҳамчун боргоҳи азими ҳифзу нигаҳдорӣ ва таҳқиқу омӯзиши мероси фарҳангии халқҳои Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он ҳам мақому маҳбубияти хосса дорад.

Дар ҳамоиш баён гардид, ки Истиқлолият бо китоб тавъам аст, чун пеш аз ҳама, ақли моро барои ба даст овардани Истиқлолият маҳз китоб тайёр намуда буд. Истиқлолияти давлатӣ  буд, ки тавонистем халқи аз азал бо фарҳангу китобдӯстамонро муттаҳид созем, Ваҳдати миллиро устувор намоем ва Тоҷикистонро ба сӯи рушди беназир тавсеа диҳем.

Яке аз дастовардҳои муҳиму бузурги соҳибистиқлолӣ дар соҳаи китобдорӣ- ин бунёди бинои нави Китобхонаи миллӣ мебошад, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ назир надорад. Иншооти муҳташаму муҷаҳҳаз бо шароити замони муосир имкон дод, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар шароити хубу олӣ ба китобхонӣ машғул гарданд ва ҳам мутахассисони ҳирфавии соҳаи китобдорӣ омода карда шаванд.

Китобҳо хубу арзишманд махзани бузурги  мероси гаронбаҳои гузашта ва сарвати адонашавандаи миллат буда, наврасону ҷавононро бо таърих, фарҳангу ҳунар, суннату анъана ва давлатдории аҷдодонамон ошно месозанд.

Дар ҳамоише, ки ба муносибати Рӯзи китоб доир шуд, директори Хонаи китоби Тоҷикистон Саидзароб Надиров зикр кард, ки бар асоси ҳисобҳои оморӣ, нашри китоб дар ҷумҳурӣ агар солҳои 1988 – 1989 1800 номгӯйро дар бар гирифта бошад, пас ин рақам солҳои  2018-2019  ба зиёда аз 3000 номгӯй расидааст, ки аз рушди интишори китобҳо дар даврони Истиқлол дарак медиҳад.

Зикр шуд, ки баҳри муаррифии осори ниёгон дар замони соҳибистиқлолӣ иқдоми наҷибе, ки аз ҷониби нашриёти «Адиб» рӯйи даст гирифта шуд, ин чопи силсилаи «Ахтарони адаб» мебошад, ки дар соҳибмаърифатию огоҳии мардум аз фарҳанги пурғановати миллати тоҷик саҳмгузор аст. Дар ин замина ёдовар бояд шуд, ки нашри силсилаи «Тоҷнома», ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, дар тарбияи худшиносию худогоҳии сокинон саҳми арзанда мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 4 сентябр дар мамлакат Рӯзи китоб таҷлил карда мешавад. Ин сана аз замони гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллӣ, ки ҳанӯз соли 2007  бо иштироки Президенти мамлакат сурат гирифта буд, ҷашн гирифта мешавад.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.