Кликбейти “Спутник” бо истифода аз номи Афзалшо Шодиев

  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия

Маводи таҳқиқшаванда

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ талош доранд, мошини Афзалшо Шодиевро, ки ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе ба Фондарё сарозер шудааст, берун кашанд. 

MediaMarker

Расонаи давлатии “Спутник” хабар медиҳад, ки мошини Афзалшо Шодиев ба дарё сарозер шуду Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба ҷойи ҳодиса рафт. МедиаМаркер ин матлабро мавриди ростиозмоӣ қарор дод.
  • Сарлавҳаи матлаб шурангез буда, дар он барои ҷалби хонанда ба ному насаби ронандаи мошини мазкур, ки  бо ному насаби Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ҳамсон аст, махсусан ишора шудааст, ки кликбейт ё шеваи сӯистифода аз озодии баён мебошад. Ин амал бархилофи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” буда, беэҳтиромӣ дар баробари хонандагону корбарон низ ҳаст.
  • Асли қазия дар баданаи матлаб дуруст дарҷ шудааст, яъне мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки ба истиқоматкунандаи ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ Афзалшо Шодиев мансуб будааст,  бо 30 тонна ангиштсанг  ба Фондарё сарозер шудааст ва  кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ талош доранд онро аз об берун кашанд.
  • Ҳодиса чор рӯз пеш аз санаи пахши хабар  рух дода, аз он дар Фейсбук иттилоъ пахш шуда будааст, ки аз интихобу пахши хабари куҳна бо аҳдофи кликбейт далолат мекунад.
  • Акси дар матлаб истифодашуда ба ҳодисаи дар ноҳияи Айнӣ рухдода рабт надорад.
  • Матлаб бархилофи асли рӯзноманигории риояи таносуби назарҳо якҷониба таҳия шуда, дар он аз ронанда ва хешовандонаш интиқод шудааст, ки сари вақт дар бораи ҳодиса ба мақомот хабар надодаанд, аммо  назари онҳо оварда нашудааст, ки ин бархилофи талаботи банди 2 ” Меъёрҳои ахлоқи журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Дар матн қоидаҳои имлои забони давлатӣ риоя нашудаанд ва ба ҷойи вожаву ибораҳои  “ҷарӣ”, ” фурӯ”, ” накарданд”, ” қаъри об” вожаву ибораҳои “ҷаррӣ”, ” фурӯъ”, ” карданд” ва “қаҳри об” омодаанд, ки ин бархилофи талаботи банди 15 ” Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ ба ин матлаб маркери “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ риоя нашудаанд” зада шуд.
  • Маврид ба зикр аст, ки хабаргузории “Спутник”, ки ба забони тоҷикӣ низ хабар паҳн мекунад, аз будҷаи Русия маблағгузорӣ мешавад.

The post Кликбейти “Спутник” бо истифода аз номи Афзалшо Шодиев appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.