КМИР ҳуҷҷатҳои 5 номзадро сабтином кард

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон санадҳои пешниҳоднамудаи аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои иштирок дар интихоботи президентиро баррасӣ намуда, ҳуҷҷатҳои 5 номзадро сабтином кардааст.

КМИР мегӯяд, то 10-уми сентябр ба ин комиссия аз сӯи Ҳизбҳои аграрӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ, демократӣ, халқии демократӣ ва низ Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо пешниҳод шуданд.

КМИР ҳамакнун номзадии Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалистӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро сабтином кардааст. 

Рӯзи 11-уми сентябр муҳлати ҷамъ кардани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳо ба поён расид. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ то 15-уми сентябр имзоҳоро тафтиш ва номзадҳоро сабтином хоҳад кард.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. Маъракаи таблиғи номзадҳо баъд аз рӯзи 15-уми сентябр оғоз мешавад. Ягона нерӯи мухолиф дар дохили кишвар, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.