КМИР -и Қирғизистон харҷи номзадҳо ба мақоми президентиро эълон кард

Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон гузориши анъанавии ҳафтаинаи худро дар бораи харҷи ситодҳои номзадҳо ба мақоми президентии ин кишвар нашр кард.

Ба огаҳии комиссия, то 25 декабри соли равон ба ҳисобҳои бонкии 18 номзад ҷамъан 104 миллиону 463 ҳазору 444 сом ($1 275 781) ворид шудааст. Аз ҳама бештар – 51 млн 461 ҳазор сом (наздики $628,5 ҳазор) ба ҳисоби бонкии ситоди номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Содир Ҷабборов ворид гаштааст.

Ба буҷаи ситоди интихоботии номзад Бобурҷон Тобоев низ назар ба дигарон пули бештар – 14 миллиону 224 ҳазору 572 сом ($173 ҳазор) гузаронида шудааст. 9 миллиону 264 ҳазору 488 соми ин маблағ аллакай харҷ гаштааст. Ситоди интихоботии Ҷабборов то ҳол 50 млн 439 ҳазору 859 сом ($616 ҳазор) харҷ кардааст.

Номзадҳо ба мақоми президентии Қирғизистон то ба имрӯз дар маҷмуъ 94 млн 640 ҳазору 746 сом ($1,1 млн) харҷ кардаанд.

Буҷаи интихоботии номзадҳои дигар аз 5 миллион сом бештар нест.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қирғизистон қарор аст, 10 январи соли 2021 баргузор шавад. Дар он 18 номзад сабти номанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.