Кобул гуфт, “ҷангиёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон ҳузур доранд”

Мақомоти амниятии Афғонистон аз ҳузури 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтаанд, ки дар миёни онҳо афроди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳастанд. Ин барои бори аввал аст, ки мақомоти баландпоя дар Кобул ба таври расмӣ аз ҳузури афроди ин ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, дар қаламрави Афғонистон, сӯҳбат мекунанд. Масъулини ҲНИТ, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, то кунун ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ки рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои “Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм” сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Узбекистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ”-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ (ҲИТШ), аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) низ ном бурд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ (Чин) аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгир ҳастанд.

Дар гузашта талошҳои ҲИӮ ва ҲИТШ ба ноором кардани вазъ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шудааст, вале солҳои охир нишонаҳои чунин амалкард дар минтақа ба назар нарасидаанд, ҳарчанд мақомоти амниятии Русия ва Тоҷикистон борҳо аз чунин эҳтимол ҳушдор додаанд.

Афғонистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор мизбони як нишаст бо номи “Конфронси минтақаии мубориза алайҳи терроризм” буд. Раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз ин ҳамоиш бо ҳузури Покистон, Амрико, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, роҳандозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкории истихборотӣ ва амниятист. Дар ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ ҳузур дошт.

Тибқи иттилои Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, дар ин нишаст бештар дар бораи густариши ҳамкориҳои барои табодули маълумоти истихоботӣ ва қаноат додани кишварҳои Осиёи Миёна дар кори мубориза бо ҳаросафканӣ баҳс шудааст. Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки баҳси асосӣ бо масъулони ниҳодҳои истихборотии кишварҳои ширкаткунанда ин буда, ки таърифи ягона ва муштараки “терроризм” дар минтақа ба вуҷуд биояд.

Ҷониби Афғонистон мегӯяд, ки гурӯҳи Толибон бо Ал-Қоида, ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави Осиёи Миёна робитаҳои худро ҳифз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти амниятии Афғонистон, Ал-Қоида ва ДОИШ асосан дар минтақаҳои ҳамсарҳад бо Покистон ва гурӯҳои дигар вобаста ба Осиёи Миёна дар шимоли он кишвар ҷойгир мебошанд.

Бар асоси созишнома миёни Амрико ва Толибон, ки рӯзи 29-уми феврали соли гузашта дар Давҳа имзо шуд, Толибон бояд робитаи худро бо Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои тундрав қатъ кунад. Ҳарчанд гурӯҳи Толибон мегӯяд, ки ба ин созишнома амал кардааст, аммо ҳукумати Афғонистон ба ин бовар надорад ва мегӯяд, ки дар пушти хушунатҳои рӯ ба афзоиши як соли ахир ин гурӯҳ меистад.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар Афғонист беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз ҷамъомади ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.