Кохи сафед: Русия барои ҳамла ба шарқи Украина омодагӣ мебинад

Мушовири президенти ИМА дар умури амнияти миллӣ Ҷейк Салливан рӯзи душанбе гуфт, ба эҳтимоли зиёд, Русия дар ҳоли ҳозир ҳадафҳои худро, ки дар ҷанг алайҳи Украина пеш гузошта буд, тағйир медиҳад.

Ба иттилои Вашингтон, Москва мехоҳад, ба шарқ ва ҷануби Украина даҳҳо ҳазор сарбоз фиристода, таваҷҷуҳро ба ин минтақаҳо бештар кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи эҳтимолии Русия “муҳосира ва саркӯб кардани “низомиёни Украина дар ин минтақаҳост”.

“Москва минбаъд метавонад аз ҳар як муваффақияти тактикӣ истифода карда, онро ҳамчун дастовард муаррифӣ ва нокомиҳои қаблии низомиро рӯйпӯш кунад”, – афзудааст ӯ.

Салливан мегӯяд, ҷанги баъдӣ метавонад тӯл бикашад, зеро шумори низомиёни Русия дар шарқи Украина бештар аст ва онҳо мехоҳанд, назар ба ноҳияҳое, ки то оғози ҷанг дар ихтиёри ҷудоихоҳон буданд, минтақаҳои зиёдтарро тасарруф кунанд.

Вай афзуд, ки маъмурияти президенти ИМА рӯзҳои наздик барои Украина кумаки нави низомӣ хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.