Кохи Сафед ва Кремлин: Байден ва Путин равобити ИМА ва Русияро баррасӣ мекунанд

Кохи Сафед рӯзи 25-уми май гуфт, ки санаи дақиқи мулоқоти президентони ИМА ва Русия маълум шуд. Ба навиштаи дафтари президенти ИМА, ин мулоқот 16-уми июн дар шаҳри Женева барпо мешавад. Ин аввалин мулоқоти рӯбарӯи президенти ИМА Ҷо Байден ва раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин мешавад.

Дар изҳороти Кохи Сафед омадааст: “Раҳбарон тамоми масъалаҳои мавриди ташвишро баррасӣ хоҳанд кард”. Дар идома омадааст, ки ИМА хостори “барқарории равобити пешбинишаванда ва мӯътадили ИМА ва Русия” мебошад.

Кремлин дар изҳороте гуфтааст, ки дар мулоқот «вазъи имрӯзаву ояндаи равобити ИМА ва Русия, мушкилоти марбут ба суботи стратегӣ, инчунин масоили доғи байналмилалӣ, аз ҷумла, ҳамкориҳо дар муқобила бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъҳои минтақавӣ баррасӣ мешаванд».

Байден, ки моҳи март дар як шарҳаш гуфт, бовар дорад, ки Путин як “қотил” асту ин гуфтааш боиси афзоиши таниши дипломатӣ ва даъвати сафири Русия аз Вашингтон ба Маскав шуд, хостори баргузории мулоқот бо Путин дар моҳи апрел шуд. Ин замоне буд, ки Байден ба таҳрими навбатии мақомдорони рус омодагӣ медид.

Мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки машғули таҳияи барномаи мулоқот ҳастанд. Ҷузъиёти мулоқоти қарибулвуқӯи ду президентро мушовирони амнияти миллии ИМА ва Русия – Ҷейк Салливан ва Николай Патрушев ҳам рӯзи 25-уми май дар як мулоқот баррасӣ намуданд.

Кохи Сафед батакрор гуфтааст, ки дар фикри эҷоди “равобити мӯътадил ва қобили пешбинӣ” бо Русия мебошад. Ин ҳам  дар ҳоле, ки Вашингтон Маскавро дар мудохила ба интихоботи соли гузаштаи президентӣ ва роҳандозии ҳамлаҳои рахнагарони интернетӣ айбор кардааст. Русия ин иттиҳомотро рад мекунад. Маъмурияти Байден инчунин Русияро барои ҳабсу зиндонӣ кардани раҳбари мухолифон Алексей Навалний интиқод карда, инчунин гуфтааст, ки то ҷое бовар дорад, ки маъмурони рус ба Толибон барои ҳамла ба нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон подош ваъда кардаанд.

Байден ва Путин дар гузаштаҳо бо ҳам дидор кардаанд, вале ин аввалин бор мешавад, ки Путин бо Байден дар мақоми президенти ИМА гуфтугӯи рӯбарӯ хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.