Конгресс пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботро тасдиқ кард

Вакилони мардумии Амрико дар ҷаласаи муштарак дар Конгресс натиҷаҳои орои ҳайатҳои интихоботиро тасдиқ карданд ва ҳамингуна Ҷо Байден пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 3-уми ноябр эълон шуд.

Тасдиқи оро расмиёти охирини интихоботи Амрико буд ва ҳамингуна иҷоза медиҳад, ки Ҷо Байден ва муовини баргузидаи ӯ Камалла Ҳари рӯзи 20-уми январ расман савганд ёд кунанд. Аз ҳисоби ҳайатҳои интихоботӣ Ҷо Байден 306 раъй ва Доналд Трамп 232 раъй ба даст овардаанд.

Тасдиқи оро баъд аз ҳарҷу марҷ ва ҳамлаи издиҳоми хашмгини тарафдорони Доналд Трамп ба Конгресс сурат гирифт. Рӯзи 6-уми январ гуруҳе аз тарафдорони раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо зӯр ва вайронкорӣ ба бинои Капитол маҳалли ҳамешагии ҷаласаҳои Конгресс ворид шуданд ва ҷаласаи тасдиқи ороро ба ҳам заданд. Дар тазоҳуроту беназмӣ чаҳор нафар ҷон додаанд ва пулис бештар аз 50 нафарро дастгир кард.

Гузориш такмил мешавад, бозгашт ба саҳифаи моро фаромӯш накунед

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.