Корхонаи мурғпарварӣ дар Данғара: кадом расонаҳо “пешпо хӯрданд”- у чиро сонсур карданд?

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Чаҳор расона, ки бо маблағгузории давлативу хусусӣ барои мардуми Тоҷикистон матолиб пешниҳод мекунанд, аз бунёди “калонтарин корхонаи парандапарварӣ” дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ бо иқтидори тавлиди 5,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ дар мавзеъи Себистони ноҳияи Данғара хабар доданд.
Бо оҳанги таърифу тавсиф ва арқому маълумоти зидду нақиз, вале аз манфиатбардорони аслии ин тарҳи тиҷоратӣ чизе нагуфтанд.
Ё гуфтанду пасон ислоҳ карданду ё худсонсурро раво донистанд. Чаро? Дар ин нақди расонаӣ аз МедиаМаркер бихонед:

  • Бахши тоҷикии “Спутник” аз нахустин расонаҳо буд, ки оҷилан пас аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дод.
  • Дар хабари ботафсили “Спутник” бо сарлавҳаи “Сохтмони бузургтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Данғара” дар такя ба Мадшокир Назаров, раиси “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” гуфта мешавад, ки “фабрикаи мазкур аз сех иборат буда, дар ҳоли бунёдшавӣ қарор дорад”.
  • Чун корхонаи парандапарварӣ аз як сех иборат буда, наметавонад, ба гумони ғолиб иштибоҳи техникӣ рух додаву шумораи сехҳо дарҷ нашудааст. Аммо ин танҳо иштибоҳ дар ин матлаб нест.
  •  Ба иттилоъи ин расонаи русӣ  “Иқтидори ғунҷоиши паранда (дар корхона) 600 ҳазор сар ва истеҳсоли гӯшт 5 ҳазор тонна дар як рӯз арзёбӣ мегардад”.  Ин ҳам дар ҳоле, ки “Азия плюс” дар матлаби “Дар Тоҷикистон бузургтарин корхонаи мурғпарварӣ дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад”  аз бунёди 26  коргоҳ (сех)  дар ин корхона иттилоъ дода, тавоноии истеҳсолии корхонаро дар навбати аввал 5,5 ҳазор тонна гуфтааст. Ин расона  дар такя ба сомонаи “Авесто групп” иқтидори ғунҷоиши парандаро 60 ҳазор гуфта, ки аз маълумоти “Спутник” 10 маротиба камтар ва ба ҳақиқат наздик аст.
  • Радиои аврупои озод/Радио Озодӣ низ ба бозтоби ин мавзуъ бо нашри матлаби “Дар Себистони Данғара “калонтарин корхонаи паррандапарварӣ” дар Осиёи Миёна сохта мешавад”  бо ҳамон оҳанги “Спутник”  аз иқтидори 5 ҳазории корхона гуфтааст, вале аз дарҷи шумори коргоҳҳо худдорӣ кардааст.  Ин ҳам дар ҳоле, ки дар сомонаи “Авесто групп”
    иқтидори корхона 5 ҳазор тоннаву теъдоди коргоҳҳо 26 адад нишон дода шудааст.
  •  Ба фарқ аз “Спутник”-и русӣ ин расонаи амрикоӣ манбаъи хабарашро аз ҳамон нишаст  вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёдазода гуфтааст.
  • “Спутник” навишта, ки ин корхонаи азим  “аз ҷониби ширкати “Авесто групп” бунёд гардида, ҳаҷми сармоягузории онро масъулини кишоварзӣ “махфӣ” гуфтанд”.
    Ба суоли мантиқии  “чаро сармоягузории як корхонаи парандапарварӣ махфӣ мешудааст?” ин расона посух надодааст. Ҳамчунон, ки бархилофи асли рӯзноманигории ҳақиқатнигорӣ аз соҳибони аслии гуруҳи ширкатҳои “Авесто групп” ҳарфе нагуфтааст.
  • Аммо Радиои Озодӣ ва “Азия плюс” мутаносибан навиштаанд, ки “ин корхона аз сӯи “Авеста групп” бунёд мешавад” ва “Корхона аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои бисёрсоҳавии Avesto Group бунёд гардидааст”.
  • Ба фарқ аз “Спутник” ва “Азия плюс” Радиои Озодӣ маълумоти кутоҳе аз сармоягузор ва фармоишгари ин тарҳ овардааст: “Ин гурӯҳ соли 2016 таъсис ёфта, то имрӯз соҳаҳои зиёдеро зери даст доранд. Аз ҷумла, бахшҳои муҳимме, ба монанди ворид кардани мусофирбарҳои “ISUZI” ва “AKIA” ба кишвар, тавлиди оби “Сиёма”, пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе ва Хуҷанд… Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, мудири кулли ширкат Муҳаммад Мирзоев (Муҳаммад Мирзо) аст. Мирзоев дар гузашта дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор мекард”.Аммо ин маълумот низ пурра нест, ки дар ин бора поёнтар хоҳем навишт.
  • Маврид ба зикр аст, ки бунёди корхонаи азими парандапарварӣ дар Данғара гапи нест.Дар ин бора ширкати “Авесто групп” беш аз як сол пеш ва хабаргузории “Авеста” 7 моҳ пештар иттилоъ дода буданд.Ба иттилои хабаргузорӣ ин корхона бояд сентябри соли 2020 ба кор шуруъ мекард, акнун масъулон аз арафаи Наврӯз ё Рӯи ваҳдати миллӣ мегӯянд.
  •  Ҷолиб аст, ки ҳич яке аз чаҳор расона, ки ба бозтоби ин хабар даст задаанд, аз теъдоди ҷойҳои кории нав нагуфтаанд. Шояд барои он ки 100 ҷойи кории эълоншуда даъвои бузургтарин корхона дар Осиёи Марказиро зери шубҳа мебарад?Чӣ ҳам набошад, посух ба ин суол ва ҳамчунин суоли азимтарин корхона будан ё набудани ин тарҳи истеҳсолӣ аз аҳдофи аслии матлаби мо нестанд, бинобар ин мегузарем ба бозтоби расонаии он.
  • Дар рӯзи дувуми нашри хабар, имрӯз “Спутник” матлабашро ислоҳ кард. На, хонандаи гиромӣ, иштибоҳи расона дар бораи шумораи коргоҳҳову иқтисоди истеҳсолӣ тағйир нахурд, аз корбарон касе пӯзиш нахост, балки номи ширкати сармоягузор ва фармоишгар “Авесто групп”ро  ба “Мармарӣ” иваз шуду бас.
  • Сабаби ин тағйир чӣ буд, масъулони “Спутник” шаҳр надоданд, аммо мусаллам аст, ки тағйирот бо талаб аз Душанбе сурат гирифтааст. Радиои Озодӣ, Азия-плюс ва Авеста то лазҳаи нашри ин матлаб тағйирот ворид накардаанд.
  •  Бояд гуфт, ки ин бори нахуст нест, ки хабарҳои ба “Авесто групп” рабтдошта дар расонаҳои ба ном мустақил тағйир мехӯранд ё ширкат маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мекунад.
  • Моҳи майи соли 2020, дар авҷи бемории куруно “Азия плюс” хабари аз номи худ паҳн кардани 2,5 миллион кӯмакҳои аз Чин ба Тоҷикистон омадаро тағйир дода, ба худсонсур дар бораи ин ширкат даст зада буд.
  • Дар моҳи октябри соли 2020 масъулини “Авесто- групп” зимни бозтоби расонаии қазияи гароннархии Интернет дар Тоҷикистон ва инҳисорӣ шудани ин бозор аз ҷониби афроди наздик ба хонадони президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ маълумоти носаҳеҳ доданд, ки тибқи он гӯё ширкати “Авесто Интернет” ба онҳо рабт надорад.
  • Сирри ин гуна мавзеъгириҳои расонаҳо, ки зоҳиран “пешпо хӯрдан”-ро мемонад, дар он аст, ки аксарияти кулли тарҳҳои “Авесто – групп” ба фаъолияти шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рабт дошта, Муҳаммад Мирзо аз афроди наздиктарин ба ӯ маҳсуб мешавад.
  • Дар доираҳои коршиносӣ ва тиҷоратӣ фаъолияти густурдаи ин ширкатро, ки ҳудуди 20 соҳа ва садҳо миллион долларро фаро мегирад, ба дастгирии Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.
  • Дар умум бозтоби расонаии ин хабар боз як нишонаи амиқи гирифтори буҳрон будани муҳити расонаии Тоҷикистон мебошад, ки қонуннописандӣ ва беэҳтиромӣ ба касбу хонандагон вежагии аслии он шудан доранд.

The post Корхонаи мурғпарварӣ дар Данғара: кадом расонаҳо “пешпо хӯрданд”- у чиро сонсур карданд? appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.