Корманди пулис дар гирифтани 30 ҳазор доллар муттаҳам мешавад

Маъмурони Оҷонсии зидди фасод як корманди пулисро дастгир карданд, ки дар гирифтани 30 ҳазор доллар пора муттаҳам аст. Назари Анвар Саидов, корманди Хадамоти муҳофизаи Вазорати корҳои дохилӣ феълан дар ин бора дастрас нест.

Аммо дафтари матбуоти Оҷонси зидди фасод рӯзи 24-уми сентябр дар як хабарнома гуфт, Анвар Саидов ва миёнарав Болтухон Болтаев бар асоси шикояти шаҳрванде рӯзи 2-юми август боздошт шудаанд.

Оҷонсии мубориза бо фасод дар шарҳи ин қазия аз қавли даъвогар менависад, Саидов ва Болтаев “барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданаш 30 ҳазор доллар талаб кардаанд.”

Алайҳи Анвар Саидов ва миёнарав Болтухон Болтаев бар асоси қисми чоруми моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ ё гирифтани пора дар ҳаҷми калон парванда боз шудааст. Аз рӯи ин иттиҳом ба онҳо ҷарима ё аз 7 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари Анвар Саидов ва Болтухон Болтаев феълан дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо то куҷо ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот розӣ ҳастанд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.