Коронавирус ҳангоми гармии 92 дараҷа дар 15 дақиқа нобуд мешавад

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳе аз олимони Франсия аз Донишгоҳи Прованс муайян карданд, ки коронавирус ҳангоми гармии 92 дараҷа дар 15 дақиқа нобуд мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, хулосаи коршиносон дар манбаи «bioRxiv», ки маводи илмӣ нашр мекунанд, чоп шудааст.           

Ҳангоми таҷриба муҳаққиқон коронавирусро дар як соат то 60 дараҷа гарм карданд ва фаҳмиданд, ки пас аз чунин ҳолат баъзе қисмҳои он ҳанӯз ҳам афзоиш ёфтаанд. Гармидиҳии соатӣ то 60 дараҷа протоколи стандартии ғайрифаъол кардани вирус мебошад ва дар аксар озмоишгоҳҳое истифода бурда мешавад, ки  дар он ҷо таҳлили беморонро месанҷанд. Ҳамзамон гарм кардани коронавирус то 92 дараҷа имкон дод, ки онро дар  15 дақиқа пурра ғайрифаъол намоянд.

Барои санҷиш олимони франсуз ҳуҷайраҳои гурдаи маймуни сабзи африқоиро, ки ба штамми коронавирус аз як бемор аз Германия гирифтор шудааст, гирифтаанд. Ҳуҷайраҳои сироятёфта дар ду найчаи озмоишӣ ҷойгир карда шуда буданд — яке бо муҳити тоза ва дигаре бо сафедаҳои ҳайвон, ки шароити воқеӣ, на хушкидаро нишон медиҳад. Пас аз тартиби муқаррарии гармидиҳӣ, штаммҳои вирус дар муҳити тоза комилан ғайрифаъол карда шуданд, аммо баъзеи онҳо дар намунаҳои хушкида ҳифз гардиданд. Муҳаққиқон пешниҳод карданд, ки протоколи стандартии ғайрифаъолгардонӣ барои безараргардонии намунаҳое, ки вазни ками вирусӣ доранд, кофӣ мебошад, аммо ин барои намунаҳое, ки дорои вируси баланд ҳастанд, кофӣ нест.

Муаллифони санҷиш зикр карданд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти онҳо бояд ба интихоби протоколи аз ҳама мувофиқаткунанда оид ба безараргардонии вирус- барои пешгирии хатари сирояти кормандони тиб, ки бевосита бо намунаҳо кор мекунанд, мусоидат кунанд.

Созмони Умумҷаҳонии Тандурустӣ 11 март хуруҷи бемории намуди нави сирояти коронавирус- COVID-19 -ро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти СУТ, дар ҷаҳон тақрибан 2 миллион ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда ва беш аз 131 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.