Коронавирус: Афзоиш дар Осиё, поинравии иқтисод дар ИМА

Чандин кишвар дар Осиё аз афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус гузориш доданд. Дар ИМА, ки ҳамчунин афзоиши мавридҳои нави сироят мушоҳида мешавад,  як таҳқиқот собит кардааст, ки бастани тиҷорату корхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус ба иқтисод зарбаи шадид задааст. Таҳқиқоти давлат мегӯяд, ки нахустин бор дар 70 соли охир дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ дар ИМА нишондодҳои иқтисодӣ  хеле поин рафта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин мудат тахминан 33 дарсад бо ҳисобҳои солона кам шудааст.  Чин гуфт, ки маҳдудиятҳои сафар дар маркази вилояти Шинҷон ба хотири афзоиши ҳодисаҳои коронавирус сахттар мешавад ва Ветнам хабар дод, ки дар осоишгоҳи Дананг шумори олудашудаҳо ба 45 нафар расидааст. Ин омор бузургтарин нишондоди олудагии якрӯза дар Ветнам мебошад. Дар Филиппин президент Родриго Дуэрте рӯзи 31 июл гуфт, ки маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус дар Манила то миёнаҳои август пойбарҷо мемонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.