Коронавирус дар Тоҷикистон. Шумори расмии беморон ба 14000 кас расид, 110 кас фавтидаанд

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор кас расид. Вазорати тандурустӣ гуфт, танҳо дар рӯзи 15-уми июл 42 мавриди сирояти бемориро сабт кард.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти беморӣ дар кишвар (аз моҳи апрели соли гузашта) 110 кас ҷони худро аз даст дода, беш аз 13 ҳазору 600 нафар шифо ёфтаанд.

Баъзе аз сокинону мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд. Бар илова, ҳар рӯз чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги пайвандони худ бар асари коронавирус ё бемориҳои монанд ба он, аз ҷумла илтиҳоби шуш, хабар медиҳанд. 

Мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то июни имсол сабт шудани ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19-ро рад мекарданд. Ҳарчанд хабарҳо дар бораи мусбат баромадани ташхиси чандин нафар ба расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Ситоди муқобила бо коронавирус танҳо рӯзи 21-уми июн тасдиқ кард, ки дар кишвар ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мудири Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, Тедрос Аданом Гебрейесус, хабар дод, ки дунё дар остонаи мавҷи севуми вабои COVID-19 қарор дорад. Вай гуфт, чаҳор ҳафта пайи ҳам теъдоди гирифторони коронавирус дар саросари дунё меафзояд ва шумори фавтидагон низ дар ҳоли зиёд шудан аст.

Ӯ яке аз сабабҳои афзоиши гирифторонро СҶТ дар навъи “делта”-и коронавирус мебинад, ки дар 111 кишвар паҳн шудааст. Интизор меравад, ин навъи коронавирус ба навъи асосии коронавирус табдил шавад.

Гебрейесус ба масъалаи тақсими нодурусти ваксина байни кишварҳо низ таваҷҷуҳ кард – ба далели камбуди ваксина қисми бештари аҳолии дунё дар баробари вабо осебпазир мешавад.

Роҳбари СҶТ даъват кард, ки ҳадди ақал то моҳи сентябр 10 дарсади аҳолии ҳар кадом кишвар, то охири сол 40 дарсад ва то миёнаҳои соли оянда 70 дарсади аҳолии ҳар кишвар ваксина зада шаванд. Барои ин ҳадаф 11 миллиард вояи ваксина зарур аст.

Аз ибтидои вабои коронавирус дар саросари дунё бештар аз 187 миллион кас ба коронавирус мубтало шуда, бештар аз 4 миллион кас фавтидаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.