Корпартоии нафткашҳои қазоқ дар Жанаозен бо талаби маоши бештар

Ҳудуди 20 корманди ширкати нафти “Мадиева”-и шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки ба корхонаи “МунайФилдСервис” хидмат мерасонанд, даст ба корпартоӣ заданд.

Онҳо талаб доранд, ки ҳамчун корманди “МунайФилдСервис” сабтином ва маошашон боло бурда шавад. Яке аз корпартоён Женис Бапилов хабар дод, ки онҳо дар назди бинои бахши Ҳизби ҳокими “Нур Отан”-и Қазоқистон ҷамъ шуданд.

“Мо барои “МунайФилдСервис” кор мекунем. Як сол мешавад, ки ба раҳбарият ва шаҳрдорӣ муроҷиат кардаем, вале бенатиҷа аст. Маоши мо 80-90 ҳазор танга мебошад. Талаб дорем, ки моро ҳамчун корманди “МунайФилдСервис” ба қайд гирифта, дар ҳаҷми 180–200 ҳазор танга маош диҳанд”, – афзуд Женис Бапилов.

Шаҳрдори Жанаозен Мақсад Ибагаров гуфт, ки дар “Мадиева” санҷиши меҳнатӣ оғоз шудааст. “Мо ба онҳо тартиботи муқарраршударо фаҳмондем. Корҳо дар ин самт ҷараён доранд”, – афзуд шаҳрдор.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.