Коршиносон: “Бекорӣ боиси афзоиши дуздӣ шудааст”

Мавлуда ҳатто тасаввур намекард, ки дуздон замони ҳузури аъзои хонавода дар манзил, молашонро ба яғмо мебаранд. Ҳафтаи пеш шахси номаълум вориди манзили ин сокини 45-солаи ноҳияи Синои пойтахт шуда, телевизиони тамғаи “Самсунг”-ашро дуздид. Мавлуда мегӯяд, ҳодиса соати сеи шаб, замоне, ки ҳама аҳли хонадон дар хоб буданд, рух додааст.

“Дарвоза маҳкам буд, маълум нест дузд чӣ хел ба хонаи мо даромада, телевизорро бурдааст. Мо онро дар панҷ ҳазор сомонӣ харида будем. Ростӣ, пули телевизорро аз бонк гирифта, то ҳол қарзро надодаем. Баъд ба милиса шикоят кардам”-афзуд ӯ.

Мақомот дар пайи шикояти ин зан як сокини 25-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт карданд, ки қаблан дар Русия низ бо гуноҳи дуздӣ зиндонӣ шудааст.

Рух додани чунин ҳодиса дар ҳолест, ки мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ҷиноятҳои дуздӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 4350 ҳолати дуздӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 642 ё беш аз 17 дарсад зиёд будааст.

Таҳлилгарон афзоиши сатҳи ҷиноятҳои дуздиро ба пандемияи КОВИД-19 рабт медиҳанд, ки сафи бекоронро бештар кард. Аммо Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон авохири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба чунин ҷиноятҳо бештар ҷавонон даст мезананд ва низ афроде, ки аз қабл ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби аслии ба дуздӣ даст задани онҳо на мушкили зиндагӣ, балки паёмади вақтхушӣ ва майнушӣ будааст. “Таҷриба нишон дод, вақте мепурсед, ки маблағро барои чӣ сарф кардед, мегӯянд, ё рафта арақ нӯшидаанд ё барои истироҳати чанд лаҳзаина сарф карданд”. Афзоиши омори дуздӣ ва ғоратгариро Нусратулло Маҳмадзода ба кушодани гиреҳи ҷиноятҳо рабт дод ва гуфт, дар ин давра 90 дарсади ҳолатҳои дуздӣ ошкор шудааст.

Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит дар пайи бемории коронавирус дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ба ин вазъ сабаб шудааст. Ба гуфтаи огоҳон, афзоиши ҷиноятҳо, аз ҷумла дар пайи афви як гурӯҳи зиндониён дар охири соли гузашта низ бештар шуда буд.

Ватан Абдураҳмонов, вакили мудофеъ ва додраси собиқ, мегӯяд, дар чанд моҳи ахир ба маркази таълими ҳуқуқии онҳо, ки ҳамзамон ба сокинон машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳад, муроҷиатҳо бештар шуд. Ба гуфтаи Абдураҳмонов, дар давраи коронавирус сокинони зиёд бе шуғлу бе кор дар хона монданд, ки ин ҳам боиси сар задани ҷиноятҳои гуногун, махсусан дуздӣ шуд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ин вакили дифоъ, ба далели баста будани мактабу марказҳои варзишиву фарҳангӣ, наврасону ҷавонон аз дарсу машғулиятҳои дигар дар канор монданд, ки ин ҳам ба қавли ӯ як сабаби афзоиши оворагардиву ҷинояткорӣ дар миёни ин қишр шуд.

Ба бовари таҳлилгарон, як сабаби ба кӯчаи ҷиноят аз ҷумла даст ба дуздӣ задани сокинон ҳам тангдастӣ ва бекорӣ дар хонаводаҳо аст. Мушкиле ки аз қабл буд, аммо дар ин давра боз ҳам амиқтар шуд.

Аксари муҳоҷирони тоҷик, ки ноноварони аслии хонаводаҳои худ дар Тоҷикистонанд, дар давраи хуруҷи пандемия дар Душанбе ё Маскав банд монда, барои муддате аз ҷойи кору манбаи даромад маҳрум монданд.

Аз ҷумла вазири меҳнат ва муҳоҷират ду моҳи пеш гуфт ки дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд. Бонки миллӣ хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол пули фиристодаи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳудуди 15 дарсад камтар аст.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон теъдоди афроди қобили меҳнат ба 2,5 миллион баробар буда, танҳо дар соли 2018 ба ҳудуди 50 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Бо шуруи пандемияи фарогир ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистон ва Русия, эҳтимол меравад шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, шумораи бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ бештар будааст. Таъмини аҳолӣ ба ҷои кор, аз ҷумла ба шуғли беҳтар фаро гирифтани мардум аз масъалаҳоест, ки дар тақрибан 29 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳалли худро пайдо накардааст.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.