Коршиносон:”Натиҷаҳо пешгӯишаванда буданд, вале на бо ин фоизи баланд”.

Коршиносон натиҷаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро пешгӯишаванда арзёбӣ карда, мегӯянд, ки баъд аз ҳодисаҳои интихоботи раиси ҷумҳури Белоруссия интизор доштанд, ки омори тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон камтар эълон мешавад. Ҳамзамон коршиносони тоҷик мегӯянд, ки то ҳафт соли дигар ҷаноби Раҳмон вазифаи раиси ҷумҳурро иҷро карда, сипас мавзӯи интиқоли қудрат баррасӣ хоҳад шуд. 

Комиссияи маркази интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 12-уми октябр натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи президентиро ҷумҳуриро, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, эълон кард. Тибқи он, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90,92 дарсади раъйдиҳандагон президенти тозаинтихоби Тоҷикистон эълон карда шуд.

Нозирони байналмиллалӣ аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз раванди интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон тавсиф карда, онро намунаи ибрат барои кишварҳои дигар номиданд.

Дмитрий Ковитский, муншии кулли Шӯрои байнипорлумонии кишварҳои ИДМ дар нишасти хабарӣ гуфт, “дар ҳеҷ кишваре надидааст, ки интихобот соати шаши субҳ бо рақсу бозӣ шурӯъ шуда, дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ ҳатто утоқи модару кӯдак вуҷуд дошта бошад”.

Маъмулан, вокуниши нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Аният ва Ҳамкории Аврупо аз арзёбии нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ба таври куллӣ фарқ мекунад. Аммо, то ҳол гурӯҳи кӯчаки ин нозирон аз САҲА арзёбии интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистонро эълон накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи вазъи феълӣ дар кишвар аст. Вай мӯътақид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳафт соли оянда вазифаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро худаш иҷро хоҳад кард.

 “Фикр мекунам, то ҳафт соли дигар вай худаш сари роҳбарии давлат боқӣ мемонад ва сипас роҳбарияти кишвар мавзӯи номзади дигареро баррасӣ хоҳанд кард. Аммо дар тӯли ҳафт соли оянда дар ин замина ҳеҷ тағйироте сурат нахоҳад гирифт”, -афзуд вай.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари дигари тоҷик дар арзёбии натиҷаҳои интихоботи президентӣ гуфт, ки наметавонад онро ношаффоф унвон кунад. Зеро, ба эътиқоди ин коршиноси тоҷик, воқеият ин аст, ки сокинони кишвар бештар аз ҳама ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

Ба гуфтаи Қодиров, ин интихобот шояд шаффоф буд, вале бидуни алтернатив, яъне, рақиби воқеӣ сурат гирифт. “Чаҳор номзади дигаре, ки онро кисагӣ гӯем ҳам мешавад, ба эҳтимоли зиёд дар назди сандуқи раъйдиҳӣ худ ба ҷонибдории номзадии Раҳмон овоз дода бошанд”,-иброз дошт ин коршинос.

Абдумалик Қодиров афзуд, ки ҳарчанд натиҷаҳои интихобот пешгӯишаванда буданд, “вале фикр намекардам, ки ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон ин қадар фоизи баланд менависанд. Фикр мекардам, ки ҳодисаҳои баъд аз интихоботи президенти Белоруссия барои онҳо сабақ мешавад. Аммо, Тоҷикистон Тоҷикистон боқӣ мемонад ва мо наметавонем аз хати маши кашидашуда берун биравем”.

Абдумалик Қодиров низ эҳтимоли қудрат аз президенти интихобшуда ба нафари дигар дар ҳафт соли ояндаро баъйид медонад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, танҳо надоштани имкони иҷрои вазифаи раиси ҷумҳурӣ, масалан, беморӣ, метавонад сабаби чунин интиқоли қудрат гардад. 

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ҳам ғолиб эълон шудааст. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон ба ин назаранд, ки набояд хидматҳои ӯро нодида гирифт.

Мухолифони Раҳмон мегӯянд, мақомот ба иштироки номзадҳои мустақил дар интихобот иҷозат намедиҳанд ва ҷараёни овоздиҳӣ ҳам зери назари мақомот ва бо тақаллуб мегузарад. Масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳамеша чунин назарҳоро рад кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.