Кремлин дипломатҳои хориҷиро аз “талоши таъсиргузорӣ ба додгоҳ”-и Навалний ҳушдор дод

Кремлин дипломатҳои Ғарбро аз талоши таъсиргузорӣ ба додгоҳи Маскав дар робита бо муҳокимаи парвандаи Алексей Навалний ҳушдор дод. Додгоҳи рӯзи 2 феврал шурӯъшуда дархости хадамоти зиндонҳои Русияро баррасӣ мекунад, ки мегӯяд, мунаққиди Кремлин барои нақзи ҳукми додгоҳи соли 2014 оид ба ҳабси шартӣ бояд ба мӯҳлати то 3,5 сол зиндонӣ шавад. Ин мурофиа ва иттиҳомро Навалнию тарафдоронаш ҳамчун “беқонунӣ” интиқод кардаанд. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин рӯзи 2 феврал гуфт, “дипломатҳо набояд ба амалҳое даст зананд, ки ҳамчун талоши фишороварӣ ба додгоҳ арзёбӣ шавад”. Маълум нест, ки оё кадом дипломати хориҷиро барои ширкат дар мурофиаи додгоҳии Навалний роҳ доданд ё на.  Додгоҳи ноҳияи Симоновскии шаҳри Маскав дар ҷаласаи сайёре, ки рӯзи сешанбе дар бинои додгоҳи шаҳри Маскав шурӯъ шуд, аризаи Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар бораи тағйири ҳукми додгоҳи Алексей Навалнийро аз рӯи парвандаи “Ив Рошер”-и дар соли 2014 содиршуда баррасӣ мекунад. Алексей Навалний, ки аз 18-уми январ дар боздоштгоҳи мавсум ба “Матросская тишина” нигаҳдорӣ мешавад, дар додгоҳ оид ба иттиҳоми худ гуфт, хадамоти зиндонҳо бо ин ҷумла, ки гӯё онҳо дар бораи будубоши ӯ хабар надоштанд, додгоҳро гумроҳ мекунад.

Ин мурофиа дар пасманзари намоишҳои эътирозии тарафдорони Навалний баргузор мешавад, ки бо ҳукумати президент Владимир Путин розӣ нестанд. Дар ин замина Дмитрий Гудков, сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия дар сӯҳбат бо ТВ Настояшее время рӯзи 2-юми феврал гуфт:

“Таҳаввулотро мушоҳида карда ба чунин натиҷа омадан мумкин аст, ки ҳукумат комилан аз воқеият канда шудааст ва дигар намефаҳмад, ки на бо Навалний, балки бо шаҳрвандон ва ҷомеа меҷангад. Эътирозҳо дигар аз чаҳорчӯби нирӯҳои либералӣ хориҷ шудааст ва мардум дар бисёр минтақаҳо на ба хотири Навалний, балки ба хотири мухолифат бо ҳукумат, беадолатӣ ва дар пасманзари васоили тиллоии тозакунии ҳоҷатхонаҳо, ки дар филми қаср дидем,  зидди фақру бенавоӣ мебароянд”.

Хабарнигорони ТВ “Настоящее время” мегӯяд, маҳалли додгоҳ дар иҳотаи сахти нирӯҳои қудратӣ ҷараён дорад ва пеш аз мурофиа сад нафар боздошт шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.