Кремлин Навалнийро дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии марказии истихборот муттаҳам кард

Кремлин рӯзи 1-уми октябр сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии марказии истихбороти Амрико гунаҳгор кард. Ин иттиҳом баъди он садо дод, ки Навалний гуфт, ба бовари ӯ дар заҳролудкунии ӯ дар моҳи августи имсол, ки наздик буд бо марги ӯ анҷомад, президент Владимир Путин даст дорад.   Аввалин бор аст, ки Кремлин бо забони сухангӯяш Дмитрий Песков Навалнийро дар ҳамкорӣ бо як хадамоти иттилоотии хориҷӣ гунаҳгор мекунад. Дар посух Навалний талаб кард, ки Песков далели иттиҳомашро пешкаш кунад, вагарна ӯ аз болояш ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Навалнии 44-сола баъди он ки ҳангоми сафар дар минтақаи Сибир заҳролуд шуд, барои муолиҷа ба як беморхонаи Олмон интиқол ёфт. Ӯ аксар вақт дар ҳолати беҳушӣ ё кома буд ва дар ин муддат табибон ӯро аз осори он чи ки озмоишгоҳҳои мустақил “заҳри низомии навъи Новичок” номиданд,  табобат намуданд. Навалний дар мусоҳиба бо Der Spiegel рӯзи 1-уми октябр гуфт, бовар дорад, ки “дар пушти ин ҷиноят Путин истодааст”. Песков гуфт,  иттиҳомоти Навалний ғайри қобили қабул ва таҳқиромез аст.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.