Криштиану Роналду бузургтарин шумори ҳаводоронро дар “Инстаграм” соҳиб шуд

Бозигари тими футболи итолиёии “Ювентус”, зодаи Португалия Криштиану Роналду дар шабакаи иҷтимоии Instagram 250 миллион ҳаводор ё “подписчик” ҷамъ овард.

Танҳо саҳифаи расмии Instagram аст, ки аз Роналду бештар – 382 миллион ҳаводор дорад.

Дар мақоми дувум, баъди Роналду, саҳифаи овозхони амрикоӣ Ариана Гранда меистад, ки вай 214 миллион ҳаводор ҷамъ овардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.