Куба гуфт, ки кӯдакони 2-11-соларо зидди COVID-19 эм мекунад

Кишвари Куба иддао кард, ки аввал шуда дар миёни кишварҳои ҷаҳон кӯдакони аз 2-сола болоро зидди COVID-19 эм мекунад. Мақомоти Куба гуфтанд, ки аз рӯзи 6-уми сентябр бо истифода аз воксинаҳои сохти маҳаллӣ эмкунии кӯдакони 2 то 11-соларо оғоз кардаанд. Воксинаи сохти Куба аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурстӣ эътироф нашудааст. Мақомоти ин кишвар гуфтанд,  баъди ду давра озмоиши воксинаи маҳаллӣ дар миёни хурдсолон истифодаи онро иҷоза додаанд.

Дар ҳамин ҳол дар Аврупо Оҷонсии маводи дорувор дар паи омӯзиши таъсири воксинаи сеюм ва тақвиятдиҳанда ба организми наврасони 16-сола боло мебошанд. Дар озмоишҳо 300 калонсоли солим,  бо системаи масунияташон қавӣ ва ду дафъа эмшуда иштирок мекунанд. Ҳафтаи гузашта ин оҷонсӣ гуфт, ки барои тақсими воксинаҳои сеюм дар миёни мардуми маҳаллӣ феълан зарурати оҷиле нест, вале баъди аризаи ширкатҳои дорусозӣ ваъда дод, ки арзёбии масъаларо суръат мебахшад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.