Кумита пешниҳод кард, ки дар баробари занони танфурӯш, мардони “муштарӣ” ҳам муҷозот шаванд

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар баробари занони танфурӯш, барои мардон ҳам муҷозоти сахт дар назар гирифта шавад, зеро агар занон аз ҳисоби мардон “муштарӣ” надошта бошанд, чунин амал сурат намегирад.

Тарҳи ислоҳи Қонуни оила, ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарӣ ва модариро барои “даллаҳо” ва соҳибони фоҳишахонаҳо пешбинӣ мекунад. Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонунро рӯзи 11-уми январ баррасӣ кард ва интизор меравад, вакилон дар ояндаи наздик онро тасвиб кунанд. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, яке аз муаллифони тарҳи ислоҳ ба Кодекси оила ҳамин ниҳод аст.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, “мардон ба унвони муштарӣ дар амали танфурӯшии занон гунаҳкор мебошанд”. Ин аст, ки ӯ гуфт, аз ин тарҳ барои сангин кардани муҷозот пуштибонӣ менамояд, “зеро барои занону мардон ва умуман ҷомеаи Тоҷикистон нанговар аст”.

Ҳилолбӣ Қурбонзода афзуд, ки ин тарҳи қонун ҳамакнун дар баррасии вакилони порлумон аст ва бинобар ҳамин аз шарҳи бештари муҷозоти дарназаргирифташуда худдорӣ мекунад. Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила ба ин боваранд, ки талоши маҳрум кардани волидон аз ҳаққи падарӣ ё модарӣ метавонад, танфуруширо дар Тоҷикистон камтар кунад.

“Дар рейдҳо мо ба гурӯҳи занҳо сӯҳбат кардем. Вақте ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардем то аз ин кор даст кашанд, дар посух гуфтанд, ки розӣ нестанд ва ин маблағи пешниҳодшударо дар як рӯз пайдо мекунанд”,-гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни ин нишасти хабарӣ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари ин ниҳод бо нигаронӣ гуфт, тибқи мушоҳидаи онҳо дар рейдҳо, сини заноне, ки даст ба танфурӯшӣ мезананд, хеле ҷавонтар шудааст.

Матраҳ кардани мавзӯи занони танфурӯш дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон солҳои охир чизи нав нест. Мақомот мегӯянд, аз роҳи “корҳои фаҳмондадиҳӣ” дар фикри ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо мебошанд. Аммо созмонҳои ҷамъиятӣ бештар ба набуди кор ва даромади занон ҳамчун сабаби афзоиши ин гуруҳ ишора мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯянд, маҳрум кардани касе аз ҳақи падариву модарӣ бояд асоснок карда шавад.

Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба танфурӯшӣ ҷазои маъмурӣ таъйин шудааст ва бар асоси банди 130-юми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зан ва ё духтаронро метавонанд аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима кунанд. Ва агар духтареро дар муддати як сол бори дувум барои ин кор дастгир кунанд, ҳақ доранд аз 10 то 15 рӯз ҳабс кунанд. Пешниҳод барои сахт кардани ҷазо барои онҳое, ки шароит барои танфурушӣ фароҳам меоранд, бори аввал сурат мегирад.

Хабар такмил мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.