Кумитаи сохтмон гуфт, ки дигар ба “ширкати Бег Сабур” дар Душанбе иҷозаи хонасозӣ намедиҳанд

Масъулини Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон ширкати “Комил-2010”-ро (гуфта мешавад ба раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур тааллуқ дорад) ба “рӯйхати сиёҳ” шомил кардаанд. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир дар Душанбе ва чанд минтақаи дигари кишвар ба бунёди баландошёнаҳо машғул аст. Як ширкати дигари сохтмонӣ ҳам бо номи “Ниагара” низ ба ин рӯйхат ворид карда шудааст.

Маҳмадсади Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, “минбаъд барои сохтмони манзилҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ ба ин ширкат (“Комил-2010″ қарордод баста намешавад”. Ба гуфтаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, бо супориши шаҳрдорӣ, “умуман ба Бег Сабурович дар шаҳри Душанбе барои сохтмон ягон қарор намедиҳанд”.

Ҷаноби Зувайдзода дар идома гуфт, ки, феълан се биное мондааст, ки умури сохтмониаш нотамом аст ва ширкати “Комил” вазифадор шудааст дар зудтарин фурсат онро анҷом дода, соҳибонаш ҳуҷҷати қонунӣ бигиранд. Зеро, дар акси ҳол  ба гуфтаи ӯ, фарзандони соҳибони ин хонаҳо ҳатто наметавонанд ба мактаб раванд. “Соҳибони манзилҳо бар ивази пул ин хонаҳоро харидаанд, вале комиссияи давлатӣ то ҳол ин хонаҳаро қабул накардааст. Зеро корҳои сохтмонӣ ба дурустӣ анҷом нашудааст”,-афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, ки ин ду бино дар наздикии дарвозаи ғарбӣ дар маҳаллаи Зарафшон ва як бино дар назди Бемористони касалиҳои сироятӣ ҷойгир ҳастанд. “Баъд аз анҷоми умури сохтмонӣ ваъда медиҳам, ки ин ширкат дигар ба сохтмони манзил барои сокинон ҷалб карда намешавад”,- афзуд Маҳмадсаид Зувайдзода.

Хабар такмил мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.