Кумитаи сохтмон талаботи иҷзотномаи корро барои ширкатҳои бинокорӣ сахттар кард

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт, талабот ба иҷозатномаи сохтмонро сахтар намудааст. Раҳбарияти ин ниҳод бо нигаронӣ аз набуди мутахассисони касбӣ дар ширкатҳои сохтмонӣ гуфт, ҳоло назоратро  болои кори  ширкатҳо пурзур намудаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар 6 моҳ барои гирифтани иҷозатномаи сохтмон 271 дархост ворид шудааст, ки ба 66 тои он посухи рад дода шуда, дархости 43 ширкати дигар дар баррасӣ аст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 16-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе тасдиқ намуд, ки ҳанӯз камбудиҳо дар корҳои сохтмонӣ вуҷуд дорад.

“Бисёре аз ширкатҳо базаи моддию техникӣ, мутахассисони  касбӣ надоранд, барои ҳамин иҷозатнома рад карда шуд, нисбати солҳои пеш рад кардани иҷозатномаҳо дар ҳақиқат зиёдтар шудааст”-афзуд, Маҳмадсаид Зувайдзода.

Ҳарчанд намояндагони бархе ширктҳои сохтмонӣ мегӯянд, корашон бар асоси нақшаи пешбинишудаи мақомот аст, вале шикоят аз кори онҳо борҳо аз сӯи сокинон садо додааст. Як нигаронии сокинон ин аст, ки дар кори  ширкатҳои сохтмонӣ на ҳамеша назорати ҷиддӣ сурат мегирад ва гоҳе бо бунёди биноҳои нав хатару мушкилиҳои дигар барои атрофиён ба миён меояд.

Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, имсол дар пай санҷишҳояш дар ширкату ташкилотҳои сохтмонӣ дар бештар аз 2 ҳазору 800 ҳолат камбудӣ ошкор намудаанд. Барои ислоҳи камбудиҳо ин ниҳод ба ширкатҳои сохтмонӣ 564 амрнома исрол кардааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, феълан дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазор ширкату ташкилотҳои сохтмонию пудратчӣ фаъолият доранд.

Солҳои охир дар  шаҳру навоҳии кишвар сохтмони биноҳо бештар ба назар мерасад. Мақомот ҳамвора аз дигар шудани симои шаҳру ноҳияҳо суҳбат мекунанд, вале сокинон пайваста аз риоя нашудани чораҳои бехатарӣ дар маҳалли сохтмонҳо мегӯянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.