Кумитаи тафтишоти Русия латукӯби муҳоҷири узбекро дар ВКД таҳқиқ мекунад

Кумитаи тафтишотии вилояти Томск ба таҳқиқи латтукӯби як муҳоҷири узбек аз ҷониби кормандони хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия пардохтааст. Навори бадрафторӣ нисбати муҳоҷир дар дохили бинои хадамот дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҷабрдида мегӯяд, як дӯсташро боздошт карда буданд ва ӯ барояш ҳуҷҷатҳояшро бурд. Вале кормандони хадамот аз худи ин муҳоҷир , ки дар дасташ калиди мошин доштааст, ҳуҷҷати ронандагиро талаб карданд. Вақте шаҳрванди Узбекистон сабабаи чунин дархостро суол кард, ӯро ба утоқ ворид карда заданд ва талаб карданд, ки  наворро пок кунад. Аммо ӯ баъди берун шудан аз хадамот ба вазорати корҳои дохилӣ ариза навишта наворро дар ихтиёри онҳо гузошт. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.