Кунгураи урупоии хабарнигорон номзадҳои “Ҷоизаҳои рӯзноманигории тоҷик-2021”-ро эълом кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Раёсати Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик  феҳристи  номзадҳои ҷоизаҳои рӯзноманигории созмонро барои солҳои 2020 -2021 эълом кард. Дар он аз 20 тан ном бурда шудааст. 

Дар феҳрист номзадҳо барои гирифтани чор ҷоизаҳои зерин бо тартиби алифбоӣ зикр шудаанд:

Ҷоизаи “Наҷобат” ба номи Акбари Саттор

Ҷоизаи мазкур ба рӯзноманигорон ва блогнигороне эҳдо мешавад, ки дар лаҳзаҳои ҳассос ва мушкили фаъолият арзишҳои рӯзноманигорӣ ва хидмат ба ҷомеаро пос медоранд

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори мустақил, блогер

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори мустақил

Абдурашид Қаюмзод, блогнигор, гардонандаи маҳфили “Аз ҳар зовия”

Ёқуби Ҳалим, рӯзноманигор-тадқиқотчӣ

Иқбол Тешаев , сухангӯи шаҳрдории Исфара

Ҷоизаи “Садоқат” ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт

Ҷоизаи мазкур ба бонувони рӯзноманигор ва блогнигор ҳар сол як маротиба барои нашри матолиби пураҳаммият ё анҷоми тарҳҳо дар мавзӯъи ҷинсият эъто мешавад

Аниса Собирӣ, коргардон ва блогнивис

Афсона Акобиршоева, хабарнигори мустақил

Таҳмина Ҳакимова, рӯзноманигор, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ

Манижа Сангин, овозхон, сафири Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон

Моҳпора Киромова, рӯзноманигор, филмсоз

Ҷоизаи “Ҷасорат” ба номи Бӯринисо Бердиева

Ҷоизаи мазкур ба мудофеъони ҳуқуқи башар, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва блогнивисон ҳар сол як бор амалҳо ва матолиби дар соли охир мунташиршуда эъто мешавад

Иззат Амон, ҳуқуқдон ва мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Каримҷон Ёров, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, сил

Шуҳрат Қудратов, мудофеъи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия

Маҳмурод Одинаев, омбудсмени мардумӣ, маҳбуси сиёсӣ

Ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Ҷоизаи мазкур ба падидоварандагони ниҳоду барномаҳои нав ё талош барои эҷоди созмонҳои мардумниҳод соле як бор эъто мешавад

Бек Нарзӣ, тарҳи “ДастарХантер” ва бренди инфиродӣ

Зебо Тоҷибоева, бунёнгузори тарҳи Академияи подкастҳои “Се хирс”

Набӣ Юсупов, муассиси тарҳи расонаии “Нуктаи назар ”

Илҳоми Ҷамолиён, бунёнгузори тарҳи “Расонашиносӣ” ва  “Роҳ ба сӯи хирадмандии рақамӣ”

Шаҳобуддини Шуҷоъ, тарҳи расонаии “Равзан”

Гуфта мешавад исми барандаҳои ҳар яке аз ҷаҳор ҷоиза дар  Рӯзи ҷаҳонии Озодии баён- 3 май  эълом хоҳанд шуд. Ҷоизаҳо аз баргаи ифтихор иборат буда, метавонанд мукофоти дигар низ дошта бошанд.

 

The post Кунгураи урупоии хабарнигорон номзадҳои “Ҷоизаҳои рӯзноманигории тоҷик-2021”-ро эълом кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.