Куриёи Шимолӣ ҳаштумин партоби мушакашро анҷом дод

Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон ду мушак партоб кард. Дар ин бора хабаргузориҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ доданд. Мушаххасоти мушакҳо иттилоъ дода намешавад.

Тӯли парвози мушакҳо 330 километрро ташкил додааст. Истифодаи мушакҳои кутоҳпарвозро манобеи хабаргузории Reuters дар ҳукумати Амрико низ тасдиқ кардаанд. Вазорати мудофиаи Ҷопон гуфт, партоби мушакҳо ба амнияти ин кишвар хатар эҷод накардааст.

Сар аз моҳи июни соли ҷорӣ, баъди дидори президенти ИМА Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ба ин тараф, ин ҳаштумин партоби мушак аз ҷониби Куриёи Шимолӣ аст. Ахиран муовини вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ гуфт, ки Пхенян омода аст, то охири моҳи сентябр сари мизи гуфтугӯ нишинад.

Ба иттилои коршиносони амрикоӣ, Пхенян ин озмоишҳоро барои фишор овардан ба Вашингтон дар пайи бенатиҷа анҷом шудани гуфтугӯҳои холисозии нимҷазираи Куриё аз силоҳи ҳастаӣ, анҷом медиҳад. Гуфтугуҳои холисозии нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ қатъи комили барномаи Куриёи Шимолиро дар ивази бекор кардани таҳримҳои амрикоӣ дар назар дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.