Лайк ё ангораи рисола барои ҷомеъашиносон. Бо қалами Додоҷон Атовуллоев

ДАҲ СОЛ ҚАБЛ
Аз таърихи лайк намегӯям. Ҳамин кофист, ки ин калима бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ арзи вуҷуд кардааст.
Лайк занонро аз шавҳарон, ошиқонро аз маъшуқон ҷудо кардааст, дӯстонро ба душман табдил додааст, касеро зери шиканҷа қарор додааст ва касеро ҳам ба зиндон бурдааст.
Даҳ сол қабл ман бо лайк ошно шудам. Рӯзе, ки қадами нахустинро ба Фейсбук гузоштам. Ҳеҷ кас он замон на аз сиёсат менавишту на аз ҳукумат. Ба навиштаҳои ман 5-6 кас лайк мемонд, ки нимаш фейк буд.
БАЪДИ ДАҲ СОЛ
Ҳоло ба навиштаҳои ман гоҳо то аз 100 то 400 кас лайк мемонад. Гоҳо аз 1000 боло, агар мавзӯъ сиёсӣ набошад. Бо доштани 5000 дӯст ва беш аз 7000 – онҳое, ки ба саҳфаи ман обунаанд, (подписчики ё ҳамвандон) ин кам аст ё зиёд? Намедонам.
ЛАЙК ВА ХАРАКТЕРИ ТОҶИКӢ
Тарс ва эҳтиёкорӣ. Лайк намезананд ва дар чати хусусӣ менависанд: мехоҳам ҳазор лайк бизанам, аммо худатон медонед замонаро.
Маҳалбозӣ. Як- ду ба ном рӯшанфикри ванҷиро блок кардам ё танқид, дигар касе аз ин гурӯҳ навиштаҳои маро намебинад. (Ин эрод ба мардуми Ванҷ дахл надорад!)
Ё восеъиро танқид кунӣ, ягон восеъӣ, дарвозиро танқид кунӣ, ягон дарвозӣ…ҳама минтақаҳоро бигиред…вокуниш нишон нахоҳад дод!
Гурӯҳбозӣ. Замоне “лайкзанҳои асосӣ” – аъзои наҳзат ва гурӯҳи 24 буданд. Ҳоло аз он лашкаре, ки даъвои озодихоҳӣ дорад, 2 ё 3 кас ҷасорати вокунишро дораду халос. Аз ҳизбу гурӯҳҳои рӯ ба ҳукумат намегӯям.
Шахспарастӣ. Аз бозе ки Салим Аюбзод – роҳбари бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” шуд мухлисонам ҳам аз ин радио ғайб заданд.
Дурӯягӣ. Бо нафаре сӯҳбат мекунӣ, ки аз шеърҳои фачи мутташоире шиква мекунад, баъди гӯширо мемонию мебинӣ, ки ба ҳамон ҳарза лайк задааст. Сабаб пурсӣ, мегӯяд: «очеша… лайк намонӣ, хафа мешавад».
ЛАЙК ВА ХАРИТАИ БЕДОРӢ
Суғд дар сукут қарор дорад. Аз он ҷо тақрибан садое намеояд. Дар гурӯҳи “Я люблю Худжанд” ягон мақолаи сиёсии ман роҳ наёфтааст. Ба чанд мақолаи “носиёсӣ” беш аз 100 кас вокуниш карду халос.
Хатлон дар дуроҳа қарор дорад: намедонад ба чап равад ё ба рост? Гоҳ ман барояшон “худӣ” мешавам – гоҳ “бегона”. Намедонам, гурӯҳе ба номи “Я люблю Куляб” ҳаст ё на.
Бадахшон. Аз ҳама бедортарин минтақа. Ҷазираи озодӣ!
Ин ҷо – пойгоҳи ман ва пойтахти “Ватандор” аст. Навиштаҳои ман танҳо дар гурӯҳҳои помирӣ то 7-8 ҳазор (ҷамъулҷамъ) лайк мегиранд.
Душанбе. Душанбеи навин ё дар хоб аст ё худро ба хоб задааст. Кай бедор мешавад ва бо кадомин зангӯла, намедонам!
ЛАЙК ВА ИНҚИЛОБ
То инқилоб роҳ ҳоло дур аст. Аз рӯи ҳамон қонуни маъмул, ки “инқилобҳоро аз 5 то 10 фоизи мардум мекунанд”, бигирем, инқилоб рӯзе фаро хоҳад расид, ки ба навиштаҳои ман ҳадди ақал 7-8 ҳазор кас тугмачаи «писанд» 👍 «супер» ❤️ва «боҳамем»-ро пахш бинамояд.
P S. Акс аз он солест, ки ман ба Фейсбукистон омадам.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.