Латифзода мегӯяд, дар ду ҳафта 260 ҳазор имзо ҷамъ оварданд. Мунтақидон шубҳа доранд

Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон эълон кард, ки барои сабтиноми расмии номзадаш ба мансаби президент 260 ҳазор имзо ҷамъ овардааст. 

Ин ба он маъност, ки панҷ дарсад аз шумори умумии интихобкунандаҳо барои ба марҳилаи асосии рақобат роҳ ёфтани Рустам Латифзода розӣ ҳастанд. Номзадии ӯро 15-уми август пешбарӣ карданд.

Бархе аз коршиносон ба тавони ҳизбҳои сиёсӣ барои ҷамъоварии ин миқдор имзо дар фурсати кӯтоҳ шубҳа доранд. Илова ба ин, тибқи баъзе аз хабарҳои дарёфтӣ, дар баъзе аз минтақаҳо намояндагони мақомот дар варақҳои беном барои номзадҳо имзо ҷамъ меоранд. Мақомот ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

“Дар бозор будем, хона ба хона гаштем”

 

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзади ин ҳизб дар интихоботи моҳи октябр, гуфт, имзоҳои зарурӣ барои сабтиноми ӯ ҳамчун номзади интихоботи президентӣ ҷамъоварӣ шудааст. Вай афзуд, “рӯзҳои наздик ин имзоҳоро ба Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон месупорем.” 

Дар ҳоле ки бархе аз коршиносон шубҳа доранд, ин имзҳоро Ҳизби кишоварзӣ ба танҳоӣ ҷамъ овардааст, Латифзода гуфт, “дар бозору маҳаллаҳо ва хона ба хона гаштем. Азоб ҳам кашидем. Ба раисони маҳаллаҳо мақсаду мароми ҳизбро фаҳмондем ва ин миқдор изҳоро ҷамъ овардем.”

Намояндагони ҳизбҳои дигари сиёсӣ ҳам гуфтанд, ин шабу рӯз дар минтақаҳо ба ҷамъ овардани имзо машғуланд. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, рӯзи 10-уми сентябр маълум мешавад, ки чӣ қадар имзо ҷамъ кардаанд. 

15 сентябр маълум мешавад: Кӣ роҳ ёфт, кӣ аз бозӣ берун шуд 

 

Бар асоси нақшаи Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, номзадҳои интихоботи президентӣ бояд то 11-уми октябр имзоҳои гирдовардаи худро пешниҳод кунанд. КМИРТ то 15-уми сентябр ҳуҷҷатҳои номзадҳоро тафтиш карда, онҳоро сабти ном мекунад. 

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шумораи умумии интихобкунандҳоро дар кишвар 4 миллиону 900 ҳазору 545 нафар ҳисоб кардааст. Ҳар муддаӣ тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, бояд имзои дастикам 260 000 интихобкунандаро ҷамъ оварда, рӯйхати онҳоро ба Кумиссиюни марказии интихобот (КМИР) бисупорад.

Як сокини ноҳияи Синои Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони боғча ба манзили онҳо бо варақаҳое омаданд, ки номи номзад ва ҳизб сабт нашуда буд. “Дар варақ ному насаби ягон номзад ё номи ягон ҳизб набуд. Маълум нест, мо ба тарафдории кадом номзад имзо кардем. Гуфтанд, ки имзо кунед”, — афзуд ин ҳамсуҳбати мо. 

“Ин кори дохили ҳизб аст”?

 

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштанд, чунин вазъ дар бархе минтақаҳои кишвар низ ҷой доранд. Аммо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, хабарҳоро дар бораи ҷамъоварии имзо барои номзадҳои худ аз сӯи мақомоти маҳаллӣ беасос медонанд. 

Роҳбарони ҳизби аграрӣ, демократӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи 4-уми сентябр гуфтанд, аъзои ҳизб ва ихтиёриён барои онҳо имзо ҷамъоварӣ мекунанд. “Мақомоти маҳаллӣ ба мо кор надоранд. Ҳар ҳизб алоҳида имзо ҷамъ меорад. Онҳо мегӯянд, марҳамат равед, агар мардум имзо монанд, мондан гиранд, мо кор надорем”, — афзуд Саидҷаъфар Усмонзода.

Бо вуҷуди таъкиди роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба мустақилона ҷамъоварӣ шудани имзо, ҳеч аксу видео аз ҷараёни ин кор пахш нашудааст. Инчунин, намояндагони на ҳама аҳзоб мехоҳанд дар ин бора шарҳ диданд. Роҳбари яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар посух ба суоли он ки чӣ гуна дар ду ҳафта 260 ҳазор имзо ҷамъ меоред, гуфт, “ин кори дохили ҳизби мо аст, фарқаш чист, ки мо чӣ хел имзо ҷамъ мекунем?”

“Мақомот онҳоро сахт намегиранд, чунки…” 

 

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, “ин имзоҳо дуруст тафтиш намешаванд. Чунки номзадҳо қаблан қоидаи бозиро риоя карданд. Аз ин хотир ҳама гуна ҳолатҳои истисноӣ ва бигзор ғайриҳуқуқӣ бошад ҳам, давлат онро нодида мегирад. Ҳол он ки агар мақомот хоҳанд, муайян намудани он ки аслан ин ҳизбҳо ва намояндаҳои онҳо чанд имзо ҷамъ карданд, ягон мушкил надорад.”

Ба қавли мунтақидон, ҷамъоварии имзоҳои воқеӣ раванди чандон содда нест. Дар интихоботи соли 2013 номзади Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова танҳо ба далели он ки натавонист 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ биорад, ба марҳилаи асосии интихобот роҳ наёфт. Ӯ тақрибан 202 ҳазор имзо ҷамъ оварда буд.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад. То имрӯз барои ширкат дар он панҷ номзад, аз ҷумла раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шудаанд. Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон эълон кард, ки интихоботро таҳрим ё бойкот мекунад. 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.