Либоси милисаи тоҷик аз атласу адрас. Назарҳо яксон нест. АКС

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро рӯнамоӣ кардааст, ки аз ҷониби як тарроҳи суғдӣ таҳия шудааст. Вебсайти расмии ин ниҳод рӯзи 12-уми апрел бо нашри чанд акс намунаи либоси идонаи низомӣ ва саҳроии ходимони милитсияи Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд, ки аз матои миллии адрас дӯхта шудаанд.

Маълум нест, ки оё ин либос тасдиқи сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон – президент Эмомалӣ Раҳмонро дарёфт хоҳад кард ё на.

Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аллакай ин аксҳоро муҳокима мекунанд.

Бархе аз ин либос ситоиш кардаанд, вале аз назари чанде дигар, либоси низомӣ наметавонад аз матои нарми мисли адрасу атлас таҳия шавад. Бархе мегӯянд, мақомот солҳои охир истифодаи матову нақшу нигори миллиро дар сару либоси расмиву ҷашнӣ аз ҳад зиёд кардаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир сарулибоси кормандони идораҳои давлатӣ ва муҳассилони мактабу донишгоҳҳо сахт назорат мешавад ва бо тақозои мақомот, тарроҳон ҳам ба намунаҳои либосҳои корӣ унсурҳои миллӣ илова мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.