Лукашенко ба қонун муҷозоти иловагии “зиддиэкстремистӣ” ворид кард

Раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенка ба Кодекси ҷиноятии кишвараш тағйирот ворид кард ва бар асоси ин, ҳуқуқи маданӣ ва пахши иттилои озод дар шароити саркӯбҳои нирӯҳои демократӣ дар Беларус маҳдуд мешавад. Раҳбари 66-солаи Беларус  дар ин охирҳо чандин тағйиротро ба қонунҳои кишвар ворид кард. Бар асоси ин тағйирот,  ташкили намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ, ки аз августи порсол дар паи натиҷаҳои ба бовари мухолифон тақаллубшудаи интихоботӣ тамоми кишварро фаро гирифтааст, манъ аст. Ин натиҷаҳо ба Лукашенко ҳақ дод, ки бори шашум президенти Беларус шавад, вале Ғарб ин натиҷаҳоро эътироф накард.

Тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятӣ ворид шуда онро 8-уми июн Лукашенка имзо кард, мегӯяд барои “пахши иттилои нодуруст” дар Интернет, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои “экстремистӣ”, қатъ накардани кори созмоне, ки аз ҷониби додгоҳ “экстремистӣ” шинохта шудааст ваё барои нақзи қонуни таҷаммӯъҳои ҷамъиятӣ муҷозот пешбинӣ мешавад. Инчунин барои тӯҳмат, фаъолиятҳое, ки кори ниҳодҳои амниятии кишварро мушкил мекунад, монеъ шудан ба кори афсарони амниятӣ, ҳамла ё таҳдиди ҳамла ба афсарони амниятӣ ва ҳамла ваё хароб кардани моликияти кормандони ҳифзи қонун, додрасҳо ваё дигар кормандони додгоҳ ва наздикони онҳо муҷозот пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.