Лукашенко талаб дорад, ки аз эътирозгарон ҷуброн рӯёнида шавад

Александр Лукашенко, президенти Белорус, талаб дорад, ки дар сурати расидани зиён ба амволу иншоот дар кӯчаҳои шаҳри Минск аз эътирозгарон ҷуброн ситонида шавад. Дар ин бора хабаргузориҳои Белорус иттилоъ медиҳанд.

“Баъд аз ҳамаи ин харобкориҳо дар кӯчаҳои Минск, ки хисороти зиёд ба бор меорад, шумо медонед, ки чӣ чиз боқӣ мемонад. Ва хомӯшӣ. Касе то ҳол дар ин бора фикр накардааст ва касе ҳам пардохт накардааст”, – гуфт Лукашенко.

“Вале бояд пардохт карда шавад. Одамон бояд дарк кунанд: агар ту ифлосӣ ба бор овардӣ, чизеро шикастӣ, лутфан, аз ҳисоби худ барқарор бикун”, – афзудааст президенти Белорус.

Ба ҷуз ин, Александр Лукашенко гуфт, ширкат дар эътирозҳо бо кӯдакони хурдсол кори нодуруст аст: “Тақрибан ҳама кӯдак дорад. Ин кори нодуруст аст, ки бо кӯдакони хурдсол ба кӯча мебароянд. Худо накунад, ки иғвое сар занад.”

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки эътирозгарони Белорус тартиботро риоя мекунанд ва баъди худ ифлосиҳоро ҷамъ меоранд.

Коршиносон мегӯянд, вазъи иқтисодии Белорус бо гузашти ҳар рӯз бадтар мешавад. Ахиран Сандуқи Байнулмилалии Пул аз додани қарз ба Белорус худдорӣ кард. Мақомоти Белорус дар моҳи март аз ин созмони молӣ хоста буданд, ки 940 миллион доллар қарз бидиҳад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.