Мӯҳлати бақайдгирии муҳоҷирони корӣ дар Русия тамдид намешавад

Қарори президенти Русия Владимир Путин дар бораи додани имтиёз барои қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дароз карда намешавад. Федератсияи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ин тасмим 23-юми сентябр дар пайи ҷаласаи васеи мақомоти рус гирифта шуд. Мӯҳлати охирини сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия  30-юми сентбяр ба поён мерасад. Баъди ин мақомоти Русия ба ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз хоҳанд кард. Моҳи гузашта Вазорати корҳои дохилии Русия гуфта буд, ки бар асоси ҳисобҳои пешакӣ маълум шудааст, ки ҳоло дар Русия беш аз 700 ҳазор муҳоҷир аз қаламправи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд ва агар ҳуҷҷатҳояшонро дуруст накунанд, депортатсия мешаванд. Ин ниҳод моҳи апрели имсол шумори тоҷиконеро, ки ғайриқонунӣ дар Русия ба сар мебаранд 247 ҳазор ҳисоб карда буд. Вале мақомот дар Тоҷикистон ин рақамро дур аз воқеъият номиданд. Ҳоло маълум нест, ки баъди 30-юми сентябр чӣ теъдод аз зодагони Тоҷикистон дар пешорӯи ихроҷ қарор мегиранд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.