МӮДИ ТОҶИКӢ – ДАР САҲНАИ ПАРИЖ! Тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова сазовори мукофоти ЮНЕСКО гардид

ДУШАНБЕ, 23.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова бо коллексияи «Наврӯз»-и худ зери бренди ZHIWJ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО оид ба дизайн  гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намояндаи ширкати  «Tajikistan Fashion Week» (Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон) иттилоъ дод, аз 19 то 20 январ дар шаҳри Париж намоиши мӯди «Oriental Fashion Paris -2020» баргузор гардид, ки дар он тарроҳи тоҷик  ба дарёфти  мукофоти ЮНЕСКО  шарафёб шуд. Нафиса Имронова бо пешниҳод ва дастгирии роҳбари ширкат Тоҳир Иброҳимов дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  иштирок намуд.

Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳи байналмилалӣ тӯли се рӯз идома ёфт.  Бори аввал дар таърихи мӯди Тоҷикистон бренди ZHIWJ аз ҷониби Нафиса Имронова дар намоишгоҳи  мӯди шарқӣ дар пойтахти Франсия  муаррифӣ гардид. Дар ин намоишгоҳ Нафиса коллексияи нави наврӯзии худро, ки тамоми таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷикро ифода менамояд, нишон дод.

Мавриди зикр аст, ки аз 13 то 15 марти соли 2019 дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон (TFW) баргузор гардида буд.. Дар он  тарроҳони  мӯд аз 7 давлат- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Италия ва Франсия коллексияҳои либосҳои баҳорӣ ва тобистонии худро пешниҳод намуданд. Аз Тоҷикистон Мавлуда Ҳамроева ва Нафиса Имронова коллексияҳои либосҳои худро бо нақшу нигори тоҷикона пешиниҳод намуданд, ки аз ҷониби иштирокдорон хуб пазироӣ гардид.

Дар Париж ҳамчунин намояндаи дигари давлати мо- директори Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон Тоҳир Иброҳимов сазовори мукофоти ЮНЕСКО гардид.

Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ вазъ ва сатҳи корҳои тарроҳон хеле хуб ҷараён дорад. Инчунин  дар баробари пешравӣ дар мӯди муосир анъанаҳои фарҳангии мардуми тоҷик эҳё гардида истодаанд. Имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан тарроҳони кишварҳои дигар тарҳ ва нақшу нигори миллии мо эътироф ва қадрдонӣ гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Нафиса Имронова аз намоишгоҳи мӯди Париж 24 январ ба Тоҷикистон бармегардад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.