Мақолаи “Донишгоҳи бузурги терроризм” аз сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ғайб зад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Дар пайи роҳандозии иқдоми “Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик” зимни сафари вазири мудофиа Тоҷикистон ба Эрон мақолаи зиддиэронӣ аз сомонаи вазорат ғайб зад. 

  • Ҷустор дар ҷустуҷӯгари сомона низ собит мекунад, ки мақола аз он ҳазф шудааст.
  • Матлаби мазкур аз нақшу ҷойгоҳи донишгоҳи “Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия” дар низоми сиёсии Эрон ҳикоят мекунад.  Танҳо донишгоҳи эронӣ, ки аз 8 -уми декабри соли 2020 аз ҷониби ИМА созмони кӯмаккунанда ба фаъолиятҳои террористӣ эълон шудааст.
  • Нопадид шудани матлаб дар сомона дар ҳоле иттифоқ уфтод, ки рӯзҳои сафари вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ба Эрон корбарони эронӣ  иқдоми густурдаи “Озодӣ ба донишҷӯёни тоҷик”-ро дубора роҳандозӣ карданду чанде аз руҳониёни эронӣ дар мавъизаҳояшон ба ин мавзуъ даст заданд.
  • Бори нахуст ин иқдоми эътирозӣ, ки ба гумони ғолиб аз ҷониби мақомоти эронӣ пуштибонӣ мешавад,  моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирифта буд.
  • Он замон “Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик” бо ирсоли нома ба унвонии вазири умури дохилии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ баъди сафараш ба Душанбе аз боздошту шиканҷа ва зиндонӣ кардани даҳҳо тан хатмкардаву донишҷӯёни донишгоҳҳои эронӣ нигаронӣ карда буданд. Аммо мақомоти ду кишвар ба он вокуниши расмӣ надоштанд.
  • Ба иттилоъи манобеъи МедиаМаркер сухан на аз ҳама донишгоҳҳои эронӣ, балки танҳо аз “Ҷомеат-ул-Мустафо” мераваду ҷониби Тоҷикистон дар асоси як қарордоди байнидавлатӣ тақозои пешниҳоди маълумот оиди маҳалли буду бош ва ихроҷи ҳудуди 380 тан донишҷӯён ва омӯзгорони ин донишгоҳ аз Эронро доранд, ки машҳуртарини онҳо бародарон Сайидюнус ва Маҳмудхон Бурҳоновҳо мебошанд.
  • Аз фаъолият бозмондани сомонаву маҳфилҳои зери назари Бурҳоновҳо, назири “Кимиёи саодат” ва дур рафтани онҳо аз баҳсу баррасиҳои сиёсӣ ба ҳамин қазия рабт дорад. Хатмкунандаҳои дигар донишгоҳҳои эронӣ инчунин дар мақомҳои давлатӣ ҳам кору фаъолият мекунанд.
  • Зимни сафари Шералӣ Мирзо ба Эрон ва вохӯрии ӯ бо сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси кулли Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон,  ки дар рӯзҳои тезутундшавии муносиботи Тоҷикистон ва Қирғизистон сари ояндаи Ворух ҷой доштанд, ҷонибҳо аз таъсиси коргуруҳи муштарак эълон карданд, аммо ҳич ҷонибе аз тақдири баъдии даҳҳо тан зиндонишудаҳо дар Тоҷикистон ва донишҷӯёни тоҷик дар Эрон нагуфтанд.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки ҷониби Тоҷикистон ҳадди аққал як танро, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон зиндонӣ буд, озод карданд.
  • Маврид ба зикр аст, ки муносиботи байни Тоҷикистону Эрон дар солҳои раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон пурпечу фароз буда, аз соли 2015 то соле пештар то ҳадде арзёбӣ мешуданд, ки мақомоти  Тоҷикистон сиёсати зиддиэронӣ роҳандозӣ карда, дар Эрон “кишвари ба ҳама тоҷикон маълум” ном мебурданд.

 

The post Мақолаи “Донишгоҳи бузурги терроризм” аз сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ғайб зад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.