Мақоми Қирғизистон: музокироти марзӣ бо Тоҷикистон моҳи март идома меёбад

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар аввали моҳи март музокиротро дар мавриди ташхис ва аломатгузории марзи байни ду кишвар аз сар мегиранд. Хабаргузориҳои қирғизӣ  аз қавли Назирбек  Борубоев, намояндаи хоси ҳукумати Қирғизистон оиди масоили марзӣ менависанд, ки  кори комиссияи ҳукуматӣ дар ин замина бинобар пандемияи коронавирус   ба таъхир афтод. Ин мақомдор аз ҷумла гуфтааст, ки  Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба масъалаи ташхису аломатгузории марз аз соли 2002 шурӯъ карда, дар марвиди 60 фойизи сарҳад ба мувофиқа расидаанд.  “Қисматҳои боқимонда мураккабу мушкиланд, аз ин рӯ ҳалли онҳо дар муддтаи кӯтоҳ ғайримкон аст”, – таъкид кардааст Борубоев. Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр  аст ва то  кунун бештар аз нисфи он, ё 504 километр муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хати марз аз байни рустову роҳ ва ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои  баҳсбарангез  ба  мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.