Мақомот аз набуди COVID мегӯянд, шубҳа боқӣ мемонад

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар як шабонарӯзи ахир дар кишвар ҳеҷ як ҳодисаи олудашавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ба ин тартиб, мақомоти давлатӣ ҳафтаи сеюм аст, ки аз набуди ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус гузориш медиҳанд. Санҷидани дурустии ин изҳороту омори расмӣ тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.  

Ба иттилои мақомот,  рӯзи 31-уми январ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд. Як таҳқиқи журналистони Радиои Озодӣ собит кард, ки шумори воқеии даргузаштаҳо бар асари COVID-19 ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон 233 нафар мебошад.

Шубҳа дар дурустии омори расмӣ аз он ҷо маншаъ мегирад, ки давоми ҳафтаҳои тӯлонӣ баҳори соли гузашта мақомоти беҳдошти Тоҷикистон ба набуди ҳолатҳои олудагӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон пойфишорӣ карда, бо ин, ба қавли фаъолон, сиҳҳатии ҷомеаро таҳти хатар қарор доданд. Танҳо 30-юи апрел дар остонаи сафари мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе мақомот вуҷуди коронавирусро эътироф карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.