Мақомот вазъи Ёровро шарҳ доданд, дар бораи Раҷаб чизе нагуфтанд

Масъулони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба нигаронии наздикони Бузургмеҳр Ёров дар бораи вазъи саломатии ин вакили зиндонӣ вокуниш карданд. Аммо онҳо дар бораи бемории Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии раёсати ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, чизи мушаххас нагуфтанд.   

Рӯзи 29-уми апрел пайвандони Бузургмеҳр Ёров ва Раҳматуллои Раҷаб гуфтанд, ки ҳарду таби баланд доранд ва вазъашон дар шароити зиндон нигаронкунанда аст. 

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Бузургмеҳр Ёров аз саломатиаш шикоят надорад.

“Рӯзи гузашта дар Интернет дидам ва сардори муассисаро даъват карда, дар бораи Бузургмеҳр Ёров суҳбат кардам. Асос надорад ва имкон додем, ки Ёров ба хонаводааш занг зада, гӯяд, ки саломатиаш чӣ гуна аст”, – афзуд Умаров.

Наздикони Бузургмеҳр Ёров мегӯянд, ӯ рӯзи 29-уми апрел бо онҳо тамос гирифта гуфтааст, ҳарорати баданаш паст шуд ва хавотир нашаванд. Маълум нест, тамоси ӯ бо наздикон таҳти чӣ шароите сурат гирфитааст. Ба сабаби баста будани зиндонҳои Тоҷикистон тасдиқи дурустии иттилои мақомот дар бораи маҳбусон аз манобеи мустақил имконпазир нест.  

Аз ин пеш Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров таб дорад ва 29-уми апрел сардори маҳбас доруву дармонеро, ки наздиконаш бурда буданд, ба ӯ расондааст.

Шуҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб ҳам гуфт, шоми 29-уми апрел таби падараш аз марзи 39 гузашта, вазъаш ногувор аст. Вай хабар додааст, ки падарашро ба қисми тиббии маҳбас гузаронданд. 

Масъулини идораи зиндонҳо дар бораи вазъи Раҳматуллои Раҷаб мушаххасан чизе нагуфтанд.

Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳо, мегӯяд, феълан 21 маҳбус дар карантин ва зери назорати пизишкон ҳастанд.

Мақомот ду рӯз пеш гуфтанд, ин гуруҳи маҳбусон дарди гулӯ доранд, вале илтиҳоби шуш ё пневмония нестанд.

Шикояти наздикони Бузургмеҳр Ёров ва Раҳматуллои Раҷаб баҳсҳоеро зиёд кард, ки зиндонҳои Тоҷикистон дар муқобили хатари коронавирус то куҷо осебпазир ҳастанд.

Гуруҳе пешниҳод кардаанд, ки Тоҷикистон дар чунин шароит аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода бурда, маҳбусони аз 60-сола болоро ба хона ҷавоб диҳад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, чунин масъала феълан дар баррасӣ нест, чун хатареро намебинанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.